Хайруллоев ба аёдати зиндониҳо рафт

 

Шералӣ Хайруллоев, ёвари президенти  Тоҷикистон, хостааст, ки зиндониҳои муттаҳам ба қаллобӣ ва ришвату дуздӣ бо кор таъмин шуда, аз ҳисоби маоши худ ҳарчи зудтар зарари расондаашонро баргардонанд. 

Мақомот мегӯянд, ки ба фарқ аз 15-20 соли пеш дар зиндонҳои Тоҷикистон шароити кор фароҳам оварда шудааст. Ин корҳо аз хиштрезиву дуредгарӣ, кишоварзӣ ва сандуқсозӣ иборатанд.Ёрдамчии президенти  ҷумҳури Тоҷикистон аз 31-уми май то 3-юми июн аз чанд зиндони кишвар боздид карда, бо шароити будубош ва кори маҳбусон ошно шудааст. Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки «боздид бо дастури президент » анҷом шуд.Аммо манобеи огоҳ мегӯянд, боздиди мақоми баландпоя аз зиндонҳо бо тавсияи Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифтааст, ки дар гузоришҳои ахири худ аз вазъи зиндониҳо, вуҷуди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳо зиёд интиқод кардааст.Садриддин Шарифзода, муовини сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон гуфтааст,ки  «ҳадаф хабаргирӣ аз ҳоли маҳбусон дар моҳи Рамазон буд». Ба қавли ӯ, «ёвари президент ва Иззатуллоҳ Шарифзода, сардори раёсати зиндонҳо ба масъалаи таъмин бо хӯрок ва либосу рахти хоб таваҷҷуҳи махсус карданд. Онҳо дар суҳбат бо масъулони муассисаҳои ислоҳӣ ба беҳбуд бахшидани вазъи зиндониҳо таъкид намуданд.» Шарифзода мегӯяд, Шералӣ Хайруллоев пас аз боздид аз маҳбасҳо ва беморхонаи маҳбасҳо машварат додааст, ки дуздон ва ришватхорони зиндонӣ бештар бо ҷои кор таъмин шаванд. «Маҳбусҳое, ки бо ҷарима маҳкум шудаанд, дар корҳое ба мисли мебелсозӣ, сандуқсозӣ ва оҳану хиштрезӣ машғул мешаванд. Онҳо ҳаққи кори худро гирифта, зарари расондаро бармегардонанд ва сипас озод мешаванд. Ҳоло баъзе маҳбасҳо аз мактабҳои ҳамагонӣ барои сохтани мизу курсӣ фармоиш гирифтаанд», — афзуд ин масъули раёсати зиндонҳо.

Боздиди ҳайати ҳукуматӣ аз зиндонҳо ва муассисаҳои ислоҳӣ дар ҳолест, ки вазъи зиндониён дар маҳбасҳои Тоҷикистон ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар будааст. Созмони Милали Муттаҳид ахиран ба Тоҷикистон гуфт, ки ҳуқуқи башар бояд риоя шавад, ҳатто ҳангоми мубориза бо терроризм

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *