Донишҷӯи ДМТ – ғолиби Шоҳҷоизаи ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»

1 – уми декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардид.

Дар он чор нафар сазовори «Шоҳҷоиза» шуданд. Аз ҷумла, хонандаи синфи 10-и Гимназияи рақами 1-и шаҳри Бохтар Мирмуҳсин Мирдодоев, донишҷӯйи курси чоруми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоира Давлатзода, омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Навраста Дӯстова ва сарбоз аз ноҳияи Данғара Ҳасани Назар ба гирифтани Шоҳҷоизаи озмун мушарраф гардиданд.

Ба ғолибони “Шоҳҷоиза” 70 000 сомонӣ, ғолибони ҷойи аввал 50 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 35 000 ва ҷойи сеюм 25 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар маросими тантанавӣ аъзои ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва дигар намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби кишвар иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» доир шуд.  Дар даври ниҳоии озмун 115 нафар довталаб иштирок карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *