Аз таҳти дил бихандед!
Зиёфат
Ҷавоне ҳамроҳи маъшуқааш ба тарабхона омада, ду истакон об фармоиш медиҳад. Духтар мегӯяд:
– Шумо ваъда дода будед, ки зиёфати хубе медиҳам. Ҳамин аст зиёфат?
Ҷавон баъди ин сухан пешхизматро ҷеғ зада, мегӯяд:
– Майлаш, зиёфат бошад зиёфат, ба мо ду сатил об.
Тасма
Аз баҳси корманди ГАИ бо ронанда:
– Шиносномаи ронандагӣ доред?
– Дорам.
– «Техосмотр» чӣ?
– Дорам.
– Маълумоти муҳити зист?
– Албатта.
– Чаро тасма набастед?
– Шӯхӣ накунед, бародар, дар «спортивка» чӣ хел тасма бандам?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ