“Доро»- монополист

(Фелйетон)

Дар аспдавонӣ шореҳи мусобиқа гоҳе “фалон асп бо сабабҳои техникӣ дар  пойга иштирок карда наметавонад”- гӯён мухлисонро огоҳ месозад. “Сабабҳои техникӣ”ба  аспҳои варзишгар  чӣ дахл дорад? Ба ин савол чанд сар аспи иштирокчии пойгаҳо дар аспрез (ипподром)  ҷавоб доданд.

-Маро соҳибам беҳуда «Доро» ном намондааст, — нақл оғоз кард аспи ҷирани сесолаи зотӣ, ғолиби ҳамешагии мутлақ ва беназири пойгаҳҳо. — Чун фақат дар даҳ моҳи соли равон барояш 5 мошини гаронбаҳои «Шевралет» бурда, ҳамёнашро даҳҳо ҳазор доллараки сабз пур намудааст, номамро ба забон гирифта, курта-курта гӯшт мегирад. Ҳол он ки худи ӯ ҳатто  фурсати тамошо кардани пойгаҳои маро надорад. Чобуксавору мураббиамонро пуштибон, ки ҳаст, ягон асп аз ман ҷуръати  пеш гузаштан намекунад.

-“Дороҷон”, биёед ба сари мақсад оем. Ҳамин «сабабҳои техникӣ» ба шумоён ҷонварони чорпо чӣ дахл дорад, ки сардовари мусобиқа дар ҳар пойга се-чор борӣ таъкидан ба мухлисони аспдавонӣ мегӯяд?

-Ин гап ба ман дахл надорад. Беҳтараш аз «Трамп» ё «Газпром» пурсед, — гуфт «Доро» бо виқор фух кашида.

«Трамп» аспи хинги сесолаи зотӣ сару ёлҳои зардашро ҷунбонида иброз намуд:

-Маро соҳибам соле, ки Президенти Амрико Трампи зардмӯй интихоб шуд, панҷ мошинашро фурӯхта, харида гирифт. Маро саисон парвариш карданд. Баъд як чобуксавори қишлоқӣ ва мураббиро ба сарам монда, аз ман варзишгар сохтанд, ки хеле хушам омад. Дар пойгаҳои ноҳиявию шаҳрӣ иштирок карда, бо тезпойиам ғолиб меомадагӣ шудам. Ҳатто боре ғолиби мутлақ гардидам. Гумон доштам, ки дар солҳои наздик мисли ман ягон аспи дигаре пайдо намешавад. Вале ногоҳ ин «Доро»-и фукчухт дар мусобиқаҳои мо қӯш шуд. Як сол мешавад, ки ман дигар ҷойи якумро дида наметавонам. Аз шоҳҷоизаи мусобиқаҳо маҳрумам кардаанд. Ҳамааш айби ҳамин «Доро»-и тағодор.

-Шояд маҳорату қобилияти ӯ нисбат ба шумоён беҳтар бошад?

«Трамп»:

-Аз куҷо?! Дар пойгаи мо, ки асосӣ ба шумор меравад, то 7 сар асп иштирок карданашон ҳатмист. Ману «Газпром» бодпоёни асили пойга мебошем. Дар машқу тамринҳо «Доро» сеюм ё чорум шуда ба марра мерасад. Давомашро ту бигӯй, «Газпром»-ҷон:

-Ман аввалҳо намефаҳмидам, ки чаро пеш аз пойга соҳибам чобуксавору мураббиамро наздаш хонда, дастурҳое медод. Ӯ чӣ мегӯяд ба онҳо, ки чобуксавор ҳангоми дар пойга ба «Доро» баробар шудан ҷилавамро мекашад, ки аз ӯ пеш нагузарам. Дигар хоҳишу ҳавсалаи пойгаро бо натиҷаи беҳтарин давидан намемонад. Соҳибам низ инро намехоҳад. Аз ин рӯ, бо баҳонаи лангидан ё шамол хӯрданамон дар пойгае, ки «Доро» бояд ҳатман ғолиби мутлақ шавад, намедавем. Азбаски пеш аз пойга сардовар ба мухлисон дар пойгаи мазкур иштирок кардани 7 сар аспро шунавонидааст, сирри аз мусобиқа даст кашидани 2 сар аспро фош накарда, мегӯяд, ки «бо сабабҳои техникӣ” фалон аспҳо ширкат варзида наметавонанд.

-Агар раваду аз «Доро» пеш гузарад, чӣ мешавад?

«Трамп» ва «Газпром»:

— Капаамон дуд мекунад! Дигар рӯйи аспрезу пойгаро намебинем. Ҳоли соҳибонамон ва чобуксавору мураббӣ аз мо бадтар мешавад. Мо шоҳиди ҳоли чандин сар аспҳо, аз қабили «Сармаст»-у «Бачамард» шудаем, ки дигар рангу сумоташонро дар ягон мусобиқаи федератсияи пойгаи аспдавонӣ намебинем. Ба мисли мо гаправу гапгир мешуданд, ягон ҷояшон кам намешуд.

-Саволи охирин, бодпоёни гиромӣ! Шоҳҷоиза ба худи чобуксавор насиб мешуда бошад?

-Аз  чобуксавори «Доро» пурсед, ки пиёда мегардад…

Нури Порсо

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *