Чавгонбозӣ дар сатҳи миёна рушд дорад

Бо мақсади беҳтар шинос шудан бо вазъи имрӯзаи чавгонбозӣ  — варзиши қадимаи мардуми ориёӣ,  бо мудири кафедраи «Бозиҳои варзишӣ»-и Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Устоди варзиши ИҶШС Холмурод Асоев суҳбат оростем, ки мухтасари онро манзур медорем.

-Устод, аз назари шумо, ки мутахассиси чавгонбозӣ ҳастед,  вазъи имрӯзаи ин намуди варзиш дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Аввал, ташаккур барои таваҷҷуҳ ба вазъи чавгонбозӣ. Баъд онро дар сатҳи миёна баҳогузорӣ кунем, иштибоҳ намешавад. Имрӯз дастаҳои чавгонбозон дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва дар ноҳияҳои Муъминободу Ҳамадонӣ фаъолияташонро қаноатбахш ба роҳ мондаанд. Аз соли 2017  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов  баҳри эҳёи намудҳои варзиши миллӣ, аз ҷумла чавгонбозӣ, иқдомоти ватандӯстонаро роҳандозӣ карда, барномаи  эҳёи чавгонбозиро мураттаб сохта, дар амал татбиқ менамоянд. Намудҳои варзиши миллӣ зиёданд, аммо дар байни онҳо ба чавгонбозӣ ва гуштии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Дар солҳои охир барои чавгон якчанд майдонҳо сохта ба истифода дода шуд ва интизор меравад, ки ин иқдом дар солҳои оянда низ идома дода мешавад. Минҷумла, дар шаҳри Кӯлоб тибқи нақшаи ягонаи чорабиниҳои варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни чавгонбозони то 21- сола баргузор мешавад. Ташкили чунин мусобиқаҳо ҷиҳати ҷалби насли наврас ба чавгонбозӣ ба манфиати кор аст.

-Чавгонбозӣ бештар дар кадом минтақаи ҷумҳурӣ рушд кардааст?

-Аслан дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе ва, пеш аз ҳама, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ. Ҳамасола донишкада ихтисосмандони чавгонбозиро тайёр намуда, ба муассисаҳои таълимии варзиши шаҳру ноҳияҳо равон мекунад.

Ҳамзамон,  дар вилояти Суғд низ ин намуди варзиш дар ҳоли рушд қарор дорад. Илова ба ин, дар назар аст ки  соли оянда дар шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор дастаҳои чавгонбозӣ ташкил карда шавад.

-Чавгонбозони тоҷик охирон маротиба дар кадом мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок кардаанд?

-Дастаи яккачини мардонаи Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 дар Чемпионати Осиё оид ба чавгонбозӣ, ки  дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир гардид,  миёни 7 даста зинаи 5-умро соҳиб шуд.

Айни замон дар кишварамон ҳам дастаи мунтахаби занона ва ҳам дастаи мардонаи чавгонбозӣ арзи ҳастӣ доранд. Интизор меравад, ки мунтахаби кишвар соли оянда дар Чемпионати Осиё, ки дар Покистон мегузарад, шарафи чавгонбозии тоҷиконро афзун намояд.

— Барои пешрафти чавгонбозӣ кадом мушкилот  монеа эҷод мекунад?

-Мушкилоти асосӣ ин нарасидани ашёҳои варзишӣ мебошад. Лавозимоти ин намуди варзиш – гую чавгон, либоси хоси чавгонбозон бароямон асосан аз Покистон ва Афғонистон дастрас карда мешавад. Ректори донишкада Ш. Сафаров ба чавгонбозӣ ҳамчун як бозии миллӣ таваҷҷуҳи хос дорад ва барои ташкили мусобиқаҳо ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳо мусоидат менамояд.

Бахтиёр Ҳакимов,

донишҷӯи ДТҶТ ба номи С. Раҳимов

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *