Дости Бурут аз олам чашм пӯшид

Дӯстмурод  Ҳакимов, маъруф бо лақаби Дости Бурут, соати 13-и дирӯз  дар бемористони «Ибни Сино”-и пойтахт бар асари аз кор мондани гурдаҳояш дар синни 84 аз олам чашм пӯшид.

Ӯ яке аз шахсиятҳои пурнуфузи ноҳияи Файзобод буд ва сар то сари ҷумҳурӣ бисёриҳо мешинохтанд. Ба гуфтаи табибон, фишори бемории қавс (аденома предстательной железы) сабаби аз кор мондани гурдаҳо ва марги ин соҳибкори шинохта шудааст.

Дости Бурут соли 1933 дар деҳаи Муллотуғмаи ҷамоати Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба дунё омада, як соҳибкори матраҳ ва пурнуфуз дар ноҳияи Файзобод ва навоҳии атрофи он ба шумор мерафт. Бисёриҳо аз ӯву хонаводааш дар инҷо ба некӣ ёдоварӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Дости Бурут бахусус дар даврони гуруснагии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба садҳо хонаводаи муҳтоҷ дар ин қаламрав дасти ёрии худро дареғ надоштааст.

Ду фарзанди ӯ – Акбар Ҳакимов ва Меҳроҷиддин Ҳакимов – бо кумаки обрӯ ва нуфузи падар ва хонаводаашон тавонистаанд аз ҳавзаи Файзобод ду навбат вакили Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон низ шаванд. Акбар Ҳакимов дар соли 2005 ва Меҳроҷиддин Ҳакимов дар соли 2010 дар ин ҳавза ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро шикаст дода буданд.

Акбар Ҳакимов, ке аз фарзандони Дости Бурут чандин сол роҳбарии корхонаи орди ноҳияи Спитаменро бар дӯш дошт ва ҳоло роҳбари корхонаи мурғпарварии Файзобод аст. Меҳроҷиддин Ҳакимов баъди анҷоми 5 соли вакилиаш дар соли 2015 боз ба касби пештараашт додситонӣ баргашт ва дар прокуратураи генералии Тоҷикистон кор мекунад

Намози ҷанозаи Дости Бурут имрӯз, соати 10 дар деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *