Зукоми мурғ ва манъи воридоти маҳсулоти мурғӣ аз Русия

Вазорати кишоварзии Қазоқистон эълом кард, ки бо ошкор шудани бемории зукоми паранда воридоти маҳсулоти 36 корхонаи парандапарварии Русияро манъ кард. Ба огаҳии вазорат, дар ҳудуди се вилояти Русия — Курск, Пензен ва Самара зукоми паранда ошкор шудааст.

«Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ дар доираи иҷрои сиёсати давлатӣ дар самти амнияти маҳсулоти ғизоӣ аз 21 июни соли 2018 воридоти мурғи зинда, тухму гӯшт, дар умум тамоми маҳсулоти мурғиро ба Қазоқистон манъ кард», — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Воридоти ғизои паранда ва парандаҳои шикоршудае ба Қазоқистон манъ карда шудааст, ки аз коркарди махсус нагузаштаанд. Қарори ахири Вазорати кишоварзии Қазоқистон ҳамчунин ба воридоти таҷҳизоте аз вилоятҳои мазкури Русия дахл дорад, ки барои нигаҳдорӣ, қассобӣ ва поксозии парандаҳо истифода мешаванд.

Зукоми паранда яке аз ангал ё вирусҳои бемории парандаҳост, ки зуд сироят мекунад. Парандаҳое, ки ба он гирифтор мешаванд, бояд зуд маҳв карда шаванд. Ин ангал ба одамон низ хатар дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *