Шавҳар занашро 10 корд зада кушт

Субҳи рӯзи 22-юми июни соли 2018 як сокини шаҳри Бохтар занашро бо зарби 10 корд аз ҳаёт маҳрум сохтааст.

Тавре ба хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» хабар додаанд, зани кушташуда Зиёда ном дошта, соҳиби ду фарзанди 6-сола ва яксолаву семоҳа будааст. Зиёда қаблан як маротиба шавҳар карда, аз шавҳари якумаш як фарзанд ва аз шавҳари дуюмаш як фарзанди дигар доштааст. Мавсуф барои пеш бурдани зиндагӣ дар ошхонаи Бозори шарифи шаҳри Бохтар ба ҳайси пешхизмат кор мекардааст. Субҳи рӯзи рух додани ин фоҷиа, Зиёда ба ҷои кораш меравад, баъди чанде шавҳараш ба назди ӯ омада, байнашон ҷанҷол ба вуқӯъ пайваста, дар айни моҷаро мард ба қафаси синаи ҳамсараш беш аз 10 зарбаи корд мезанад. Тавре моиндари Зиёда ба хабарнигорон гуфтааст, тифлакони зани кушташуда бо чашми чор модар меҷӯянд ва чӣ гуна сурат гирифтани тақдири ин кӯдакон номаълум аст, зеро падари Зиёда маъюб буда, аз як пой маҳрум асту рӯзи худро базӯр пеш мебарад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *