Довталаб-2021: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми кишвар фаъолиятро бо шаклҳои наву замонавии системаи муосири таълими сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда, ҷиҳати омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои муҳими амалиро андешидааст.

Фаъолияти таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шуда,  аз рӯи 89 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Айни замон дар донишгоҳ 875 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла, 44 доктори илм, профессор, 9 номзади илм, профессор, 297 номзади илм, дотсент, 47 номзади илм, сармуаллим, 7 номзади илм, муаллим, 213 сармуаллим, 258 муаллим фаъолият доранд, ки 50% теъдоди умумии онро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23 130 нафар буда, аз он 10 302 нафар (3 752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12 828 нафар (1 144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибқи квотаи президентӣ 870 нафар, аз онҳо 494 нафар духтар дар шуъбаи рӯзона ва 9 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Соли таҳсили 2020-2021 ба курси якум 3 735 нафар донишҷӯ тариқи ММТ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад.

Дар соли таҳсили 2019-2020 донишгоҳро 4 623 донишҷӯ хатм  намуданд,  ки  аз  онҳо 1 997 нафар шуъбаи рӯзона (аз он ҷумла,  604  нафар ихтисоси омӯзгориро тариқи буҷавӣ, 181 нафар тариқи квота) ва ихтисоси ғайриомӯзгориро 1392 нафар, ки аз онҳо 110 нафар ба  тариқи буҷавӣ, 2 492 нафар шуъбаи ғоибонаро хатм намудаанд. Навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ, аз ҷумла,  ихтисосҳои 1-230108-0201-рӯзноманигори телевизион,  1-230108-0201  WЕВ –рӯзноманигорӣ,  1-230107-01–иттилоот ва робита (технологияҳои робита), 1-210402-0504- танқиди бадеӣ, 1-210601-01 забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис (забонҳои арабӣ-хитойӣ), 1-230102-03- таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), 1-230102-03 таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), 1-030102- санъати мусиқӣ ва 1-010102-03- таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (забони русӣ) мебошад.

Дар раванди илм ва инноватсия соли 2020 барои дастовардҳои назаррас ва хизматҳои шоиста 1 нафар бо Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров, 11 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 22 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.

Дар донишгоҳ 6 лоиҳаи буҷавӣ мавриди таҳқиқ қарор дошта, дар соли 2020-ум 5 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин, дар асоси озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқи бунёдӣ 2 лоиҳа дар озмун ғолиб дониста шуда, барои иҷро дастгирӣ ёфтанд.  

Дар соли 2020 — 33 рисолаи номзадӣ ва 3 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд.

Дар донишгоҳ се институти илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, Институти илмӣ — тадқиқотии илмҳои педагогӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ ва Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ фаъолият мебаранд.

Дар донишгоҳ раванди навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо маром ҷараён дошта, устодон танҳо дар соли 2020 аз рӯйи 2 ихтироот 2 нахустпатент ва 1 шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоотро ба даст оварда, 1 ихтирои дигар барои гирифтани патент пешниҳод гардидааст.

Алҳол, донишҷӯёни донишгоҳ 14 нафар стипендияи Президентӣ, 3 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 нафар стипендияи раиси вилоят, 6 нафар стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ва 3 198 нафар стипендияи донишгоҳӣ мегиранд.

 Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ–соли 2020 донишгоҳ бо 7 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонда, дар маҷмӯъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. 

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо таҷҳизоти  наву замонавӣ  муҷаҳҳаз буда, дорои базаи муқтадири моддиву техникӣ ва ахборотии раванди таълим, бинои асосӣ, 9 бинои таълимӣ,  4 хобгоҳ (духтарона ва писарона), 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 315 принтер, 45 сервер, 230 гармусарддиҳанда, 222 ноутбук ва 2510 компутер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет мебошад.

Ҳамчунин, донишгоҳ дорои 41 кабинети методӣ, 73 кабинети фаннӣ, 4 синфхонаи лингофонӣ, 32 лабораторияи таълимӣ-илмӣ, 1 студияи телевизион, 1 студияи радио, 3 осорхона, 4 устохона ва 41 синфхонаи компютерӣ мебошад, ки имкониятҳои фаровони техникиро дорост.

Дар маҷмӯъ, донишгоҳ ҳамаи шароити мусоидро доро буда, омода аст мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯро тарбия ва ба камол расонад.

Ҷамшед Ҷӯразода,  ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, доктори илмҳои таърих, профессор

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №109 мебошад.

Суроғаи донишгоҳ: ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков 1, тел.: (83422) 6-52-73, 6-75-18, email: [email protected]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *