Довталаб-2021: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шароити басо мувофиқ ба вуҷуд овард ва онро ба самти тозаву пурсамари рушд ворид сохт.
Айни замон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дорои 14 факултет: филологияи тоҷик, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир, таърих, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ, математика, география, химия, физика, технология ва соҳибкорӣ, биология, иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи маориф мебошад. Тавассути ин факултетҳо мувофиқ ба 78 ихтисос: 14 ихтисоси равияи ғайриомӯзгорӣ ва 64 ихтисоси омӯзгорӣ ва 21 ихтисоси зинаи таҳсилоти магистратура мутахассис тайёр карда мешавад.
Дар донишгоҳ, дар маҷмӯъ, 66 кафедра фаъолият дорад. Донишгоҳ дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии факултету кафедраҳои донишгоҳ ташкили маҳфилҳои илмии донишҷӯён маҳсуб меёбад. Айни замон дар донишгоҳ 66 маҳфили илмию фаннии донишҷӯён амал мекунад. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шумораи умумии донишҷӯён дар маҷмӯъ, 20786 нафарро ташкил медиҳад. Дар шуъбаи магистратура 299 нафар ва дар зинаи таҳсилоти доктор (PhD) 99 нафар ба таҳсил ва пажӯҳиши корҳои илмӣ машғул мебошанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, ки 8416 нафарро ташкил медиҳанд, 800 нафар тариқи квотаи Президентӣ (491 нафар духтар), 2502 тариқи буҷавӣ ва 5114 нафар тавассути шартнома таҳсил мекунанд.
Дар 66 кафедраи донишгоҳ (55 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 979 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 351 нафар унвондор: 75 нафар доктори илм ва 257 нафар номзади илм, 209 нафар муаллими калон ва 442 нафар ассистент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд, ки аз ин шумора 926 нафар омӯзгори штатӣ ва боқимонда омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ мебошанд. Дар донишгоҳ ҳамчун базаи моддию техникӣ 1270 компютер, 116 тахтаи электронӣ, 116 проектор, 20 ноутбук, 17 синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи лингофонӣ, 2 китобхонаи электронӣ ва 26 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ ба донишҷӯёну кормандон хидмат мерасонанд. Айни ҳол дар донишгоҳ 3 Шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия доир ба самтҳои илмҳои педагогика, филология ва география, 3 Шӯрои диссертатсионии КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба филология, химия ва биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамоянд. Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронда шуд.
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, инчунин ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар 14 факултет ташкил ва баргузор гардид. Донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолона ширкат намуда, соҳиби 8 ҷойи ифтихорӣ ва дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи 2-юм гардиданд. Дар донишгоҳ маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ», маҷаллаҳои “Муҳаққиқ»-у “Навруста” ва рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон» ба табъ расида, дастраси хонандагон мегарданд. Фонди умумии китобхона 297504 адад китобро ташкил медиҳад. Дар давоми соли 2021 ба китобхонаи донишгоҳ 2191 адад адабиёт ворид шуд, ки аз он 427 адад китоб ба тариқи ҳадя ва 1764 адад ба тариқи борхат (ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, англисӣ, фаронсавӣ) мебошад, 21 адад диссертатсия, 206 адад рисолаю фишурда ворид шуд. Дар соли ҷорӣ ба китобхонаи электронии донишгоҳ 897 китоб ворид карда шудааст. Инчунин, аз интернет 580 мавод гирифта шуда, 1263 адад китоб сканер гардида, коркард карда шудааст. Китобхонаи электронӣ зиёда аз 8 ҳазор мавод дорад. Дар баробари ҳамкориҳо бо 70 донишгоҳи хориҷи дуру наздик, инчунин, дар соли 2020 ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён бо 2 донишгоҳи хориҷӣ (Донишкадаи давлатии Елабугаи назди Донишгоҳи федералии Қазони Федератсия Россия ва Донишгоҳи давлатии Барановичи Ҷумҳурии Белорусия) шартномаи тарафайн ба имзо расонда шуд. Тӯли 90 соли фаъолият ин даргоҳи илму маърифатро бештар аз сад ҳазор мутахассиси варзидаи омӯзгорӣ хатм намуданд, ки алҳол дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он дар соҳаҳои гуногуни илму маориф, фарҳанг ва сохторҳои роҳбарикунандаи давлатӣ хидмат карда истодаанд. Дар байни дастпарварон ва кормандони донишгоҳ олимони маъруфу оламшумул, шоирону нависандагони шинохтаи халқи тоҷик, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки имрӯз халқи тоҷик бо номи онҳо ифтихор дорад.
Рамзи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №102 мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ