Президент: Мо бо Манижа ифтихор дорем
Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гуфтугузорҳое,ки имрӯз дар Русия алайҳи овозхони тоҷик Манижа Сангин идома доранд, изҳори назар кард. Ӯ ишора ба вокунишҳои шадид алайҳи овозхони тоҷиктабор намуда, гуфт: “Манижа сари ҳамаро вайрон кард ва бархеҳо ӯро чашми дидан надоранд”.
Президент махсус қайд кард, ки Манижа Сангин тоҷик буданашро доим мегӯяд.
“Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст”, – таъкид кард вай.
Ҳамчунин президент ҳунари овозхонро тавсиф кард.
“Зебо месарояд. Мо бо ӯ ифтихор дорем”, – гуфт Президенти Тоҷикистон. Дар худи Русия низ онҳое, ки Манижаро дастгирӣ мекунанд, дар байни ҳунарамандон кам нестанд.
Аз ҷумла, бештари ситораҳои шоу-бизнеси Русия ба Манижа Сангин барои ширкат дар “Евровидение” муваффақият таманно кардаанд.
«Евровидение – 2021». Чаро ширкати тоҷикдухтар мавзӯи рақами як ва баҳси сиёсӣ шуд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ