Довталабони Ҷоизаи Рӯдакӣ маълум шуданд. Киҳоянд онҳо? (аудио)

Асарҳое, ки ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 роҳ ёфтанд, маълум шуданд.

Тавре Кумитаи ҷоизаи мазкур хабар медиҳад, дар бахши адабиёт романҳои «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа ва «Киштии Нуҳ»-и Юнус Юсуфӣ, ки аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ дода шудаанд.

Намоишномаи «Пайкари миллат»-и Давлаталӣ Убайдуллозода ба бахши театр ва синамои озмун роҳ ёфтааст. Намоишномаи мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст.

Бо пешниҳоди Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ»-и Амирбек Мӯсозода дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба озмун роҳ дода шудааст.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ силсилаи асарҳои тасвирии «Президент — кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома»-и Олим Рабизода, ки аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, ба озмун роҳ ёфтаанд.

Китоби «Як каф гандум»-и Азизи Азиз бо пешниҳоди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон иштирок менамояд.

Дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ тарҷумаҳои Одил Икром — «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол ба озмун роҳ дода шудаанд. Тарҷумаи ин асарҳо аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пешниҳод гардидааст.

— Бояд гуфт, ки асарҳои мазкур бо қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, инчунин қарорҳои бахшҳо ба озмун роҳ дода шудаанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *