Киев моликияти Русияро аз они худ мекунад
Нахуствазири Украина Денис Шмигал гуфт, ки Киев тамоми моликияти Русияро дар Украина миллӣ мекунад, то зиёни амалиёти вижаро ҷуброн кунад.
“Қонунҳо дар бораи милликунонӣ қабул шуданд, мо аллакай ин равандҳоро оғоз кардем, албатта, мо тамоми моликияти Русияро миллӣ мекунем, то баъзе хисороти аз ҷониби Федератсияи Русия ба мо расонидашударо ҷуброн кунем”,- гуфт Шмигал дар эфири шабакаи телевизионии “Рада”.
Қаблан Радаи олии Украина қонунеро қабул кард, ки бар асоси он дороиҳои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Русия, ки дар Украина қарор доранд, ҳабс ва миллӣ кунонида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин гуфт, “ҳадафи он ҳимояи шаҳрвандонест, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев таҳти фишор ва истинтоқ қарор доштанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ