ДСП-ҳои “тиллоӣ” аз кӣ буд?
Суди шаҳри Душанбе 5 нафарро, ки аз хонаи як сокини Рӯдакӣ 5 тахтаи сохтмонии “ДСП” дуздиданд, ҷамъ ба 91 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон шаҳрвандон Маҳмадиев Ф.М., Маҳмудов Ҷ.Р. Тураев Б.Ю., Қуқанов М.Т. ва Самиев Д.И. “ДСП”-ҳоеро дуздидаанд, ки дар дохилашон беш аз 97 кило маводи мухаддири ҳашиш доштаанд: “Номбурдагон аз шаҳрванд Сафаров фаҳмидаанд, ки дар манзили истиқоматии Ҳикматов А., воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Болошаҳр, 10 адад масолеҳи сохтмонии “ДСП” мавҷуд мебошанд, ки дар дохилашон 97.610,0 грамм воситаи нашъадори навъи ҳашиш доранд”.
Манбаъ афзуд, афроди номбурда дар пайи дарёфти иттилоъ моҳи ноябри соли 2016 шабона ғайриқонунӣ вориди манзили зикргардида шуда, 1 адад ва 12 январи соли 2017 дубора вориди он хона шуда, боқимонда 9 “ДСП”-и дигарро дуздидаанд: “Ашёи дуздидаро ба хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Сомон интиқол дода, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд”.
Тибқи иттилои додситонӣ дар пайи як амалиёт 11-уми феврали соли равон муттаҳамон дастгир гардида, моҳи ҷорӣ бо қарори додгоҳ барои дуздию нашъаҷаллобӣ Маҳмадиев Ф.М. — 20 сол, Маҳмудов Ҷ.Р. – 19 сол, Тураев Б.Ю. — 18 солу 6 моҳ, Қуқанов М.Т. — 18 сол ва Самиев Д.И. – 16 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.Аммо соҳиби аслии ин ДСП –ҳои “тиллоӣ” кӣ буд, мурофиа муайян накардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ