ДСРТ — яке аз пешқадамтаринҳо

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои аввалиндараҷа муҳим барои тамоми миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Дар кишвари мо Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ДСРТ яке аз пешқадамтаринҳо буда, дар он шароитҳои замонавии таълим фароҳам оварда шудааст, ки дар саросари кишвар қариб назираш дида намешавад.

Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пешсаф ва замонавӣ дар бахши тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳиму зарурии кишвар, аз қабили васоити ахбори омма, маориф, иқтисод, ҳуқуқшиносӣ, робитаҳои байналмилалӣ, фарҳангшиносӣ, инчунин технологияҳои муосири иттилоотӣ нақши бориз дорад.

Саҳми ДСРТ дар амалӣ намудани ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба назаррас аст.

Дар ДСРТ муаллимони соҳибтаҷриба аз ҳисоби хатмкунандагони ин даргоҳ тайёр карда мешаванд, ки натиҷабахш ва босамар аст. Зеро ин хатмкунандагон таҳсилкардаи ҳамин донишгоҳанд ва илова бар он, ки донишу таҷрибаи устодони варзидаи худро аз худ кардаанд, боз аз руҳияву рафтори таҳсилкунандагон, инчунин аз фазои фарҳангӣ-илмии донишгоҳ комилан бохабаранд, ки ин барои хубтар ба роҳ мондани таълим ва дар сатҳи олӣ гузаронидани машғулиятҳо аввалиндараҷа аст.

Китобу дастурҳои таълимӣ бевосита аз тарафи Донишгоҳи славянӣ барои донишҷӯён ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли китобӣ, яъне чопӣ фароҳам оварда шудаанд. Ғайр аз ин, донишгоҳ дорои китобхонаи замонавӣ мебошад, ки донишҷӯён метавонанд аз он тамоми намуди маводҳои лозимиро дастрас ва мутолиа намоянд.

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон дар тобеияти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия қарор дорад. Аз ин хотир, он дорои мақоми донишгоҳи давлатии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки донишгоҳ 5-уми апрели соли 1996 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 141 тибқи шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.05.1993 таъсис ёфтааст. Муассисон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошанд.

Натиҷаи кӯшишу ғайрати аҳли ин боргоҳи маърифат буд, ки бо дарназардошти шуҳрат ва сатҳи таълим аз соли 2000-ум инҷониб донишҷӯён аз хориҷи кишвар ба ДСРТ дохил шуданро сар карданд. Дар тӯли тамоми давраи таҳсил хориҷиён забони русиро меомӯзанд.

Ногуфта намонад, ки пас аз супоридани бинои нави таълим дар соли 2016, лабораторияҳои муосири лингафонӣ барои таълими забонҳо ба истифода дода шуданд, ки сатҳу сифати таълимро боз ҳам баландтар кард.

Бояд зикр намуд, ки айни замон ДСРТ дорои 6 факултет, зиёда аз 5500 донишҷӯён, 179 доктор ва номзади илм, зиёда аз 49 барномаи таълимӣ (аз онҳо 12 барномаи таҳсилотии дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналхалқӣ), 5 бинои таълимӣ ва хобгоҳ барои 250 ҷойи зист мебошад.

Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори ДСРТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Бино ба гуфтаи ректори ДСРТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Файзулло М. Қ., консепсияи рушди ДСРТ ба чунин самтҳо такя мекунад:

— Таҳсилотӣ — ҳифз ва инкишофи дастовардҳои пешқадами таҳсилоти  Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

— Илмӣ — нигоҳ доштан ва зиёд кардани нерӯи илми тоҷик аз рӯйи равияҳои асосӣ дар пояи анъанаҳои беҳтарини Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ.

— Фарҳангӣ — мустаҳкам намудани мавқеи забони русӣ ва фарҳанги рус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Довталабон метавонанд бидуни шак ин даргоҳи илму маърифатро интихоб намоянд, зеро Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон — ин ояндаи дурахшон ва фардои пурумеди ҳар яки онҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *