Нурулло Алиев

“Уқоби тоҷик”. Набард ва ғалабаи аввалин варзишгари тоҷик дар UFC

Варзишгари 22-солаи тоҷик Нурулло Алиев нахустин набарди худро дар мусобиқоти UFC — муътабартарин лигаи ҷаҳонии варзиши муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук бо ғалаба ҷамъбаст намуд. Ӯ Рафаел Алвеси бразилиягиро мағлуб кард.

“Уқоби тоҷик” дар UFC

Набарди Нурулло Алиев ва Рафаел Алвес шаби 26-уми феврал дар мусобиқоти «UFC Vegas 70» дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи Амрико баргузор гардид.

Нурулло аз ҳарифи худ ҳам дар услуби кор ва ҳам дар маҳорат бартарият дошт. Дар раунди аввал Алвес ба ҳакамон шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст. Нурулло муҷозот ва як имтиёз аз ӯ кам карда шуд. Размикори тоҷик муборизаро давом дод ва бо тасмими доварон ғалаба ба ӯ дода шуд. Пас аз набард дар нишасти хабарӣ Нурулло гуфт, ки “ман ангушти ӯро нагазидам. Ӯ ангушташро ба даҳони ман бурд ва ман хостам онро аз даҳонам берун кунам. Дар ҳамин вақт ангушти ӯ ба дандонҳои ман расид. Ӯ хаста шуд ва барои ҳамин ин корро кард. Идораи “Уқоби куҳӣ”-ро ҳис кард”.

Ин набарди 32-юми Алвес буд. Ӯ дар 20 набард ғалаба карда ва 12-тои онро бо мағлубият ҷамъбаст намудааст.

Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White’s Contender Series барои бастани шартнома бо UFC (Ultimate Fighting Championship — “Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар лаҳзаҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд ва роҳи ӯ ба UFC боз гардид.

Дуои падар ва “рӯза”-дории модар

Нурулло Алиев дар нишасти хабарии пас аз набард гуфт, ки “падарам пеш аз сафар бо ғалаба омаданамро орзу намуд ва гуфт “агар ғалаба кунӣ, туро хонадор мекунам”. Ман занг зада мегӯям, ки дар ваъдаи худ истед ва ман барои хонадоршавӣ меравам”.

“Дар даврае, ки ман барои муътадил нигоҳ доштани вазни худ дар парҳез қарор доштам, модари ман 10 рӯз пеш аз муҳориба чизе нахӯрдааст. Ҳар дафъае, ки занг мезанам, мегӯяд “ту гурусна ҳастӣ, аз гулӯи ман чизе намегузарад”. Ду рӯз пеш модарам зодрӯз дошт ва ғалабаамро ба модрам мебахшам”,- гуфт Нурулло. 

Ин набарди таърихӣ буд, зеро Нурулло аввалин тоҷике мебошад, ки Тоҷикистонро дар UFC намояндагӣ мекунад. Барои мухлисӣ ба ӯ чандин ҳазор нафар аз ҳамватанонамон дар варзишгоҳи марказии Душанбе ҷамъ омаданд ва бо шиорҳои “Нурулло, ба пеш!”, “Мо бо туем!” ва ғайра садо баланд карданд. Ин маъракаро мухлисони ашаддии варзиши тоҷик аз гурӯҳи “Арабшо” гарм мекарданд.

Қаҳрамони бешикаст

Нурулло Алиев то ин дам 9 набард анҷом додааст ва дар ҳамаи онҳо ғолиб омада, дутояшро бо нокаут анҷом додааст. Ӯ барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома бастааст ва ваъда дод, ки “ман пас аз ду сол қаҳрамони UFC дар вазни сабук мешавам”.

Дар мавриди он, ки Нурулло ҳарифи навбатияшро интихоб кардааст ё не, чунин гуфт: “Ман касеро интихоб накардаам. Ҳоло истироҳат кардан мехоҳам. Пас аз моҳи рамазон UFC ҳар касеро интихоб мекунад, ман омодаам”.

Нурулло Алиев кист?

Нурулло Алиев 8-уми декабри соли 2000-ум дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Тахаллусаш “Уқоби тоҷик” аст. Ӯ 178 см баландӣ ва 70 кг вазн дорад. Аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White’s Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд. Юсупов Восеъ, Олимов Абдурозиқ, Баёнов Раҷабалӣ мураббиёне ҳастанд, ки Нурулло аз онҳо тамрин гирифтааст.

Қаҳрамони мо дорандаи Дараҷаи маҳорати устоди варзиш оид ба гӯштини тарзи озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион, устоди варзиши Осиё оид ба гӯштини тарзи озод аст.

Ӯ ба олами варзиш бо роҳнамоии бародараш ворид шудааст. Дар 12-солагӣ ҳамроҳи бародарон таҳти роҳбарии мураббӣ Олимов Абдурозиқ ба варзши тарзи озод дохил шуд. Тӯли 6 сол бо гӯштини озод машғул шуда, борҳо ғолиби мусобиқаҳои шаҳрӣ, чемпиони ҷумҳурӣ ва ҳатто ҷоизадори Осиё шудааст. Дар гӯштини тарзи озод унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.

Боре Нурулло барои дастгирии як дӯсташ дар мусобиқаи панкратион омад. Ба даста он вақт иштирокчии вазнаш 77-килограммӣ намерасид. Алиевро, ки дар толор ба сифати тамошобин менишаст, барои иштирок ба мусобиқа таклиф карданд. Нурулло Алиев пас аз шикаст додани ду нафар қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Раиси Федератсияи панкратиони Тоҷикистон Восеъ Юсупов тавонмандии ин ҷавонро қайд карда, ӯро барои қуввасанҷӣ дар чемпионати Осиё даъват кардааст. Нурулло баъди машқҳои зиёд ба натиҷаҳои олӣ сарафроз гардидааст. Ӯ қаҳрамони ҷаҳони панкратион дар Белорус (2018) мебошад.

Чеҳраи варзишии сол

Нурулло Алиев дар озмуни онлайнии “Рейтинги сол — 2022”, ки сомонаи Pressa.tj моҳи декабри соли гузашта доир намуда буд, дар миёни 10 чеҳраи варзишии сол аз ҳама овози бештар гирифт ва чеҳраи варзишии сол интихоб шуд.

Мо интизори он ҳастем, ки Нурулло Алиев пас аз ду сол ба Тоҷикистон камарбанди қаҳрамонии UFC-ро меорад.

Идибеки САИД, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *