ДТТ мутахассисони сатҳи байналмилалӣ омода мекунад

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар — саноати сабук ва хўроквори мутахассисони маълумоти оли доштаро, ки то даврони Истиқлол дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, таъмин намуд. Дар тӯли фаъолият барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар зиёда аз 18000 нафар мутахассисони рақобатпазирро тайёр намудааст ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар фаъолият бурда истодаанд.

Донишгоҳ барои ташкили босамари ҷараёни таълим ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилали тайёр намудани мутахассисон дорои потенсиали баланди илми-педагоги, пойгоҳи васеи моддию техники мебошад. Зиёда аз 90 синфхонаҳо бо тахтаҳои электрони ва асбобҳои мултимедияви ҷиҳозонида шуда, дар ҷараёни таълим ва корҳои илмию тадқиқоти зиёда аз 940 компютерҳо ва 24 синфхонаҳои компютери, зиёда аз 33 озмоишгоҳҳои тахассусӣ мавриди истифода қарор доранд. Донишгоҳ бо хати оптики ба шабакаи Интернет пайваст мебошад. Мавҷудияти академияи маҳаллии Cisco имконият медиҳад, ки донишҷўён дар курсҳои сертификатсионии Cisco иштирок намоянд ва соҳиби сетртификати дараҷаи байналмилалии мутахассиси ин ширкат гарданд.

Мавҷудияти озмоишгоҳҳои тахассусии таълими, ҳамкории васеъ бо корхонаҳои саноати имконият медиҳанд, ки мутахассисон баъди хатми донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат тайёр бошанд ва соҳиби ҷойи кор гарданд. Донишҷўён дар давоми таҳсил ба корхонаҳои саноати, бонкҳо, ширкатҳо ба таҷрибаомўзи ва гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ҷалб карда мешаванд.

Донишҷўён метавонанд дар Марказҳои омўзиши ҳунарҳои мардуми ва дизайн иштирок намуда, маҳорати касбии худро сайқал диҳанд. Донишҷуёни дилхоҳ факултетҳо дар ин марказҳои ҳунаромўзи иштирок намуда, нозукиҳои дўхтани либос, зардўзи, расмкашию нақшбанди дар арѓумонҳоро аз худ мекунанд. Инчунин, дар донишгоҳ аз рўйи 21 ихтисос курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ-сертификатсиони амал менамоянд.

Ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ васеъ буда, бо 138 таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар ҳамкори дорад. Мутахассисон аз хориҷи кишвар даъват карда шуда, аз фанҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дарс медиҳанд. Ҳар сол дар доираи барномаҳои байналмилалии ЭРАСМУС+, GIZ соҳиби чандин грантҳо мегардад, ки онҳо ба кормандон ва донишҷўён барои дар хориҷи кишвар таҳсил ва таҷрибаомўзи намудан имкониятҳои васеъро фароҳам меоранд. Дар назди ДТТ фаъолият намудани Маркази Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки донишҷӯён забонҳои муосири барномасозиро аз худ намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд. Дар маркази мазкур се нафар устодони варзида аз Кореяи Ҷанубӣ дарс меомӯзонанд.

    Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳо бо таълимгоҳҳои олии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус, созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Полотск ба имзо расонид, ки дар заминаи он Факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларус ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар асоси низомномаи факултет дар назар дошта шудааст, ки донишҷӯён ду соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил намуда, имконияти давом додани таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Полотски Ҷумҳурии Беларусро доранд.

Донишгоҳ аз рўйи 45 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рўйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура ва аз рўйи 8 самти илми докторантура, аз рўи ихтисоси PhD мутахассис тайёр мекунад. Бо қарори Шўрои аккредитатсионии Агентии мустақили рейтинг ва аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон аз 28-уми феврали соли 2020, №49 ду барномаи таълимии донишгоҳ ба муҳлати 5 сол ва барои як барномаи таълими ба муҳлати 3 сол, инчунин тибқи қарори Шӯрои мазкур аз 26-уми январи соли 2024, №81 ду барномаи дигари таълимӣ ба муҳлати 5 сол соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии аккредитатсияи барномави гардиданд.

Шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 дар дониш-гоҳ ихтисоси нав — интеллекти сунъӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисонро мутобиқи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ бо ҷалби мутахассисон аз Кореяи Ҷанубӣ омода менамояд.

Соли 2022 дар донишгоҳ Маркази забономӯзии Донишкадаи шоҳ Сеҷонги Ҷумҳурии Корея бо синфхонаи муосири лингофонӣ кори худро ифтитоҳ бахшид, ки дар он курсҳои забономӯзии куриёгӣ бо ҷалби устодон аз Кореяи Ҷанубӣ гузаронида мешаванд.

Дар раванди автоматикунонии фаъолияти донишгоҳ дар китобхона барномаи ба таври автоматӣ ба ҳисобгирии захираи китобҳо, дархости автоматии китобҳо ба роҳ монда шуда, инчунин китобхонаи электронии донишгоҳ бо истифода аз 30 адад компютер ташкил карда шудааст. Инчунин як толори ташкили онлайн-дарсҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки бо ҷалби олимони донишгоҳҳои хориҷи кишвар дарсҳо гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *