Садамаи мудҳиш дар Дарвоз боиси ҳалокати 4 нафар гардид

Дар  ноҳияи Дарвози ВМКБ чор корманди ташкилоти ҷамъиятии “Барги сабз” дар натиҷаи садама ба ҳалокат расиданд.

 Ба иттилои “Озодӣ” фоҷеа нисфирӯзии 14-уми март дар мавзеи Норинг,  байни деҳаҳои Хостав ва Жаги ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз рух додааст.

Бар асари бархӯрди сабукрави “Тойота Ландкрузер”, мутааллиқ ба ташкилоти “Барги Сабз” ва мошини боркаши “Шакман”, ронанда ва се тан аз мусофиронаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, як нафар ҷароҳат бардоштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *