Ду абарқудрат. Кадоме барои Тоҷикистон муҳимтар аст: Русия ё Чин?
Тоҷикистон бо 180 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ дорад ва ин равобит ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳм гузоштан ба амнияти минтақа тавассути таъмини истиқлоли Тоҷикистон асос ёфтааст. Ду абарқудрати ҷаҳон — Русия ва Чин мехоҳанд бо ин кишвар муносиботи қавӣ дошта бошанд. Кадоме аз ин кишварҳо барои Тоҷикистон судманду зарурианд? Онҳо аз мо чӣ мехоҳанд? Мо аз онҳо бояд чӣ хоҳем?
Русия — кафили амнияти Тоҷикистон
Тоҷикистон бо Русия аз солҳои аввали истиқлол робита дошта, муносибатҳо ҳар сол зичтар мегарданд. Аз ин ҷост, ки Русия шарики рақами яки Тоҷикистон маҳсуб меёбад. То ин дам ҳудуди 270 созишнома дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд. Ин равобит пеш аз ҳама ба масъалаи иқтисод, маориф, амният ва муҳоҷират сахт вобастагӣ дорад. Соли 2021 Русия дар миёни шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо саҳми 21,3% дар ҷои аввал қарор гирифта буд. Дар охири соли 2021 гардиши мутақобилаи моли ду кишвар 1,2 миллиард доллар (дар соли 2020-ум 838,1 миллион доллар), аз ҷумла содироти Русия — 1,1 миллиард доллар ва воридот — 98,4 миллион долларро ташкил додааст. Дар охири соли 2022 гардиши мол 18% афзуда, 1,5 миллиард долларро ташкил дод. Ин нишондиҳандаи рекордӣ дар 20 соли охир аст.
Русия яке аз сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон аст. Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди ҷумҳурӣ 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ҳудуди 300 корхона бо ширкати Русия фаъолият мекунанд. Ширкатҳои Русия дар бахшҳои асосии иқтисодиёт — сохтмон, энергетика, саноат, коммуникатсия ва хадамоти молиявӣ фаъолона кор мекунанд.
Бузургтарин лоиҳаҳои сармоягузории Русия дар Тоҷикистон НБО-и «Сангтӯда-1», ҶДММ «Газпром нефт-Тоҷикистон», Ширкати русии «Тролза» ва Ширкати бузурги русии «Мегафон Тоҷикистон» (ҶСП «ТТ мобайл») мебошанд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии минтақаи буферии байни Русия ва Афғонистон маҳсуб мешавад. Воқеъ будани пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон муваффақияти калон ҳисоб ёфта, дар маҷмуъ, амният дар ин минтақа на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои Русия низ муҳим аст.
Ҳоло Русия дар байни кишварҳои донори ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ба таври анъанавӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад.
Талабот ба таҳсилоти олии Русия дар Тоҷикистон зиёд аст. То 1-уми октябри соли 2022 беш аз 35 000 донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик дар Русия таҳсил карда, филиалҳои мактабҳои олии Русия (МГУ, MISiS, MPEI ва Донишгоҳи славянӣ) бо беш аз 7 ҳазор донишҷӯи тоҷик ва 39 мактаби русӣ бо ҳудуди 27 000 хонанда дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Дар Тоҷикистон чаҳор маркази Бунёди «Русский мир» ва намояндагии “Россотрудничество” фаъолият мекунанд.
Ба ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират аҳамияти калон дода мешавад. Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ имтиёзҳои ҳадди аксар барои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дода мешавад: имкони будубоши 15 рӯз дар Русия бидуни қайд, бақайдгирии патент барои кор то се сол.
Тибқи ҳисобҳои коршиносон, дар Русия ҳудуди ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми интиқоли пулии афроди воқеӣ аз Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ ба таври анъанавӣ дар ҷои аввал аст. Дар охири соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 миллиард доллар интиқол дода шудааст, ки ин беш аз 20%-и ММД-и ҷумҳурӣ мебошад.
Дар ҷамъбаст, бо итминон метавон гуфт, ки ба Русия ва Тоҷикистон сатҳи баланди эътимод ва ҳамкории мутақобила хос аст. Ва ин муносибатҳо барои инкишофи чи ҳозира ва чи оянда имкониятҳои бузург доранд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо дарназардошти воқеияти имрӯза тамоюли рӯшани рушду густариши тадриҷӣ доранд. Хусусият ва дурнамои ҳамкориҳо ба мо имкон медиҳад, ки ба ояндаи муносибатҳоямон, ки бо саъю кӯшиши муштараки ду кишвар ба сатҳи нави амиқтари рушд расида истодаанд, хушбин бошем, ки ба манфиатҳо ва иқтидори давлатҳои мо мувофиқат мекунад.
Муносибатҳои ду шарик — Русия ва Тоҷикистон бо субот ва дурнамои мусбати рушди онҳо хос аст.
Чин ва тарҳи «Як камарбанд — як роҳ»
Чин низ солҳои охир ба кишвари сармоягузори рақами як табдил ёфтааст. Муносибати ин кишвар асосан ба иқтисоду тиҷорат равона гардидааст. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Равобити Чину Тоҷикистон бисёр босуръат рушд карда, соҳаҳои нақлиётӣ, энержӣ, саноати куҳӣ, кишоварзӣ, тиҷорат ва ғайраро дар бар мегирад.
Чин бузургтарин манбаи сармоягузории хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст. Тибқи омори гумруки Чин, табодули молу маҳсулот миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2,6 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ ҳудуди 40% афзоиш ёфтааст. Аз моҳи январ то сентябри соли 2022 сармоягузории Чин тақрибан 40% кулли сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистонро ташкил додааст.
Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2007 то 2022 маблағи 10,3 млрд долларро ташкил дода, ҳиссаи сармоя аз Чин 30%-ро дар бар мегирад.
Чин аз соли 2013 инҷониб тарҳи бузурги «Як камарбанд — як роҳ»-ро рӯи даст гирифтааст. Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма яке аз шохаҳои ин тарҳ аст. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки аз ин ташаббуси ҷаҳонии Пекин пуштибонӣ мекунад ва талош дорад аз он фоидаҳои ҳадди аксар бардорад.
Чин шомили сегонаи шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон мебошад ва аз соли 2013 мақоми шарики стратегиро дорад. Коршиносон дар дохил рӯи зарфиятҳо ва имкониятҳои сармоягузории Чин таъкид мекунанд. Вале мегӯянд, ки комёбии кишварҳо аз иштирок дар ин тарҳ ба тавонмандии пешбурди ҳадафҳои стратегии худ бо истифода аз манфиатҳои Чин вобаста аст, дар ғайри сурат, гирифторӣ дар асорати қарзӣ ногузир аст.
Ҳадафи стратегии Тоҷикистон то соли 2030 расидан ба кишвари саноатӣ-аграрӣ аст. Барои ин кишвар дар ин марҳила ҳама гуна манбаъҳои сармоягузорӣ барои дастёбӣ ба ин ҳадаф хеле муҳиманд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки «Як камарбанд — як роҳ»-ро на танҳо роҳи иртибот аст, балки он муколамаи сиёсии равобити зербиноӣ, тиҷорати бидуни монеа, маблағгузорӣ ва мубодилоти мардумиро низ пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, тарҳ имкон медиҳад, ки инфрасохтори роҳи оҳан тавассути қаламрави Тоҷикистон аз тариқи «даҳлези Вахон» ба Покистон ва Ҳиндустон, ки кишварҳои дигар ҳам барои ин манфиатдор мебошанд, сохта шавад. Барои Тоҷикистон ҳамкориҳо дар соҳаи рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва фанновариҳои электронӣ бо таваҷҷуҳ ба мавҷудияти зарфияти лозим дар ҷумҳурӣ манфиатовар аст. Барои ин зарур аст, ки барномаи хоси мувофиқсозии Стратегияи миллии Тоҷикистон ва тарҳи «Як камарбанд — як роҳ» таҳия шавад.
Дӯстии Русия ва Чин — имконият барои мо
Русия ва Чин қасд доранд ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, аз қабили СҲШ, БРИКС ва «бистгонаи бузург» таҳким бахшанд. Барои Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СҲШ ин омил баҳри ҳамкорӣ бо дигар аъзои ин созмон ва таҳкими иқтисод имкониятҳои нав мекушояд.
Иштирок дар шарикии бузурги авруосиёӣ, ки ҳамгироии мутақобила ба он оварда мерасонад, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» аз ҷониби Чин як дурнамои муҳим барои Тоҷикистон аст. Барои баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон ва ноил шудан ба рушди иқтисодӣ Тоҷикистон бояд узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шавад. Дар ин сурат бозорҳои азими Чину Русия барои соҳибкорони тоҷик боз ҳам дастрастар, ҳаҷми амалиёти содироту воридот афзоиш, занҷирҳои нави логистикӣ ба вуҷуд меоянд. Масалан, охири соли 2022 дар Душанбе муаррифии масири нави мултимодалии ҳамлу нақли молу маҳсулот аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Эрон баргузор шуд. Тавассути ин долон аз Чин ба шаҳри Кӯлоб (Тоҷикистон), ки минтақаи озоди иқтисодӣ маҳсуб мешавад ва ба як маркази тиҷоратӣ, транзитӣ ва саноатии ҷумҳурӣ табдил меёбад, интиқол дода мешавад.
Коршиносони Русия ва Чин ҳамчунин «саҳми мусбати Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар таъмини амнияти минтақа» ва зарфияти рушди ҳамкориҳои СПАД ва Чинро «ба хотири таъмини сулҳу субот дар минтақа» таъкид мекунанд.
«Мо мебинем, ки тавассути саъю талошҳои муштарак дар Осиёи Марказӣ механизмҳои мушаххаси пешбурди ҳамкорӣ ва дарёфти шаклҳои мутақобилан судманди ҳамкориҳои байнидавлатӣ таъсис дода шудаанд. Пӯшида нест, ки қариб ҳамаи кишварҳои минтақа як қатор мушкилоти мураккаби дохилӣ доранд, аммо мавҷудияти як меъмории институтсионалӣ дар шакли СПАД, СҲШ, ИДМ, ИИА, Камарбанд ва роҳ ба шумо имкон медиҳад, ки аз фишори беруна натарсед ва бо вазифаҳои худ мубориза баред»,- чунин назар дорад коршиноси Осиёи Марказӣ Денис Борисов.
Маълум аст, ки Русия ва Чин ду абарқудратеанд, ки намеҳоҳанд доираи нуфузашон тангтар гардад. Хоҳу нохоҳ ҳарду манфиатдоранд, вале бо вуҷуди ин ҳам онҳо ду абарқудрати дӯст ҳастанд, ки ин имкон медиҳад Тоҷикистон бо ҳарду ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад. Таъмини амнияти давлатии Тоҷикистон як нуқтаи тамоси манофеи Чин ва Русия аст.
Як чиз возеҳ аст, ки низоми чандқутбаи ҷаҳон ҷойгузини сохти якқутбаи пасошӯравӣ хоҳад шуд ва дар Тоҷикистон субот ва имкониятҳои нави рушдро фароҳам меорад.
Зимнан, бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми май бо як сафари давлатӣ ба Чин барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои “Чин + Осиёи Марказӣ” сафар кард. Нишасти «Чин + Осиёи Марказӣ» аз 18 то 19-уми май дар шаҳри Сиан (маркази маъмурии музофоти Шэнсӣ воқеъ дар шимолу ғарби Чин) таҳти раёсати президенти Чин Си Ҷинпин баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Ван Венбин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин, дар нишасти шашҷониба сарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард.
Ин нахустин чорабинии бузурги дипломатӣ аз ҷониби Чин дар соли ҷорӣ ва нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони давлатҳои шаш кишвар пас аз барқарории равобити дипломатӣ бо ин кишварҳо дар 30 соли охир аст.
Ба таъкиди Ван Венбин, ин мулоқот дар таърихи равобити Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст. «Мо бовар дорем, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо, ин нишаст ба тарҳи нави равобити миёни Чин ва Осиёи Марказӣ кумак карда, як сафҳаи давраи нав барои ҳамкориҳои ду тарафро боз мекунад»,- таъкид медорад ӯ.
Убайдуллозода Суман
донишҷӯи курси якуми АМИТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ