Темур Раҳимов дар Давҳа панҷум шуд, дар рейтинг якум

Беҳтарин натиҷаи паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар Давҳаи Қатар зинаи панҷуми Темур Раҳимов аст.

Эмомалии Нуралӣ, Шаҳбоз Саидабуроров (ҳарду -66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев (ҳарду -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ба даврҳои минбаъда роҳ наёфтанд. Темур Раҳимов (+100 кг) дар рақобат барои ба даст овардани нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон аз Рафаэл Силва (Бразил) мағлуб шуда, мавқеи 5-умро касб кард.

Раҳимов баъд аз анҷоми ин мусобиқа мавқеи худро дар рейтинги сангинвазнҳои ҷудои ҷаҳон дар ҷойи аввал нигоҳ дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *