Ду бародар “Москвич ИЖ”- дуздиданд

Бо ҷурми дуздии нақлиёти боркаши тамғаи «Москвич ИЖ» се нафар боздошт шуданд. Ду нафар аз боздоштшудаҳо бародарони 24-26 сола мебошанд, ки қаблан бо гуноҳи дуздӣ суд шудаанд.

Мақомоти милитсияи вилояти Суғд хабар медиҳад, ки дуздии автомашина дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шуда боздоштшудагон низ ҳама сокинони ин ноҳия мебошад.

Ҳолати дуздии  мошин дар кишвар маротибаи аввал нест нест.

Ба гуфти масъулин таи ду-се соли охир ба хусус ҷинояти дудздӣ ҷароёни зиёдшавӣ дошта, қариб беш аз 40%-и ҷиноятҳои ҷинояти дуздӣ ташкил медиҳад. Масалан санаи 22 декбари соли равон  ба ШВКД дар шаҳри Норак бо ариза марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат карда буд, ки аз рӯи гуфтаи ӯ шаби 21 ба 22-юми декабр шахсони номаълум аз назди бинои манзили истиқоматиаш автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107-ро, ки беназорат меистод, ғайриқонунӣ рондабурдаанд.

                                                 Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *