Толеъномаи 23 феврали 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Қариб дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ тағйиротҳо имкон доранд, аз ин лиҳоз болидаруҳ бошед. Ба ҳолати равонии худ диққат диҳед ва сари ҳар қадам ба асабоният дода нашавед. Барои он ки сабабгори моҷаро нагардед, кунҷи танҳоӣ ҷӯед. Самараи кӯшишҳои кардаатонро дида, даромади пулӣ ба даст меоред. Дӯстдоштаатон аз бемеҳрии шумо гила дорад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз нисбати атрофиён ботаҳаммул бошед. Нафаре аз ҳамкорон ё дӯстон бо шӯхии ноҷояш шуморо меранҷонад. Вохӯрии ошиқона шуморо руҳу таровати тоза мебахшад. Баъзеҳо ошиқи пештараи худро вомехӯранд. Ба даст овардани маблағи пулӣ аз заҳмат кашидани шумо вобастагӣ дорад. Нисбати саломатӣ фориғболӣ накунед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ҳалли мушкилатон ба дӯстон муроҷиат намоед, беҳуда одамгурезиву кунҷи танҳоӣ ихтиёр накунед. Фаромӯш насозед, ки бадгумониву нобоварӣ оқибати хуб надорад. Аксарият ба кӯмаку кордонии шумо ниёз пайдо мекунанд. Шамол хӯрданатон боиси хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна мегардад, аз ин лиҳоз худро эҳтиёт кунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рӯз бештар дар бораи худ ва мушкилоти пайдошуда фикр кунед, бо аввалин занги телефонӣ ба кӯмаки дӯстону шиносон нашитобед. Нафаре ба меҳмонӣ ё барои як пиёла чой даъват мекунад, ки қаблан якдигарро дӯст медоштед. Ба нафароне, ки ба ҷойи шуморо дастгирӣ кардан, шубҳа мекунанд, гӯш надиҳед. Барои табобати дандон рӯзи мусоид аст.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Рӯзи серташвиш буда, сарсониву саргардониҳои зиёд имкон дорад. Бар замми ноҷур гаштани вазъи саломатиятон дар ҷойи кор бо ҳамкорон низоъ кардану дар ҳаёти шахсиятон рух додани тағйиротҳои манфӣ дар назар аст. Ҳангоми рафъи мушкилиҳои пулӣ аз дӯсти кордонатон маслиҳат пурсед. Рух додани садама низ имкон дорад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Тамоми рӯз дар хона нашинед, вагарна чизи аҷибро аз мадди назар дур карда, сахт пушаймон мешавед. Вазъи молиявиатон вазнин бошад ҳам, аз бонк қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш мушкили худро бо кӯмаки дӯсти пулдоратон ҳал кунед.  Қалбатон ташнаи муҳаббат аст, беҳуда онро пинҳон накунед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Рӯзи душвор аст. Комёбӣ танҳо насиби нафароне мегардад, ки бо тиҷорат сару кор доранд. Вохӯрии ошиқонаву тақдирсоз имкон дорад. Нисбати наздикон ғамхор бошед, то ки дар лаҳзаҳои даркорӣ мӯнису такягоҳатон бошанд. Асабоният ва дарди сар имкон  дорад. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз худро хаставу асабӣ гашта , ҳатто ғазаболуд мегардед. Кӯшиши дар худ пинҳон сохтани эҳсосоти манфиро накунед, вагарна бо наздикони худ муноқиша мекунед.  Нақшаву ниятҳоятон амалӣ намегарданд ва аз нобарории корҳоятон бештар асабӣ мешавед. Ҳаяҷону изтироби зиёд ба саломатиятон беасар намемонад.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Барои аз фишори руҳӣ эмин мондан бо атрофиён баҳсу мунозира накунед. Бонувон бо мақсади бартарии худро нишон додан бо шахси барояшон наздик муноқиша мекунанд ё гирифтори асабхаробӣ мегарданд. Даромади ногаҳонӣ ба даст меоред, вале аз нафаре бахиливу ҳасад мебинед, ки ба бовариятон даромада буд. Бонувони танҳо бахти худро меёбанд.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз туҳфаҳои гаронбаҳо харидану бемориҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст. Мардҳо аз маъракаҳои сермағал дурӣ ҷустанашон лозим. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон чандон хуб нест ва танҳо шумо метавонед онро беҳтар созед. Дӯстро аз душман фарқ кунеду дар ҳузури ҳар кас дарди дил накунед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Барои мустаҳкам сохтани обрӯву эътиборатон дар байни ҳамкорон боташаббусу боғайрат бошед. Хуб мебуд, ки ибодат кардаву ба қадри имкон хайру саховат намоед. Нисбати наздикони худ меҳрубон бошед. Баъди нисфирӯзӣ андаке оворагӣ имкон дорад, вале меҳрубонии дӯстдоштаатон ғаму андуҳро аз дилатон мебарорад.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз барои сафарҳои тиҷоратӣ ва ба анҷом расонидани масъалаҳои пулӣ мусоид аст. Имкони бурд кардану пули хуб ба даст оварданатон зиёд аст. Аксари бонувон бо дӯстдоштаи худ ба ҳамдигарфаҳмӣ меоянд ва аз бахту толеи баланди худ меболанд. Нафароне, ки бо варзиш машғуланду дар баландӣ кор мекунанд, инчунин ронандаҳо бояд боэҳтиёт бошанд, хатари рух додани садама имкон дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *