Озмун дар литсейи Амакиев

Дар литсейи касбӣ-техникии ба номи Рустам Амакиеви ноҳияи Восеъ бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни Наврӯз даври аввали Озмуни минтақавии «Дастони моҳир» бо иштироки хонандагони муассисаҳои давлатии таълимии мансуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб фаъолият мекунанд, баргузор гардид.
Фазлиддин Маҳмадраҳимзода, корманди шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон гуфт, ки мақсади озмун тарғиби донишҳои назариявию амалӣ, инкишофи шавқу завқи хонандагон ба касбҳои коргарӣ, тақвияти кӯшиши онҳо ба фаъолияти ихтироъкорию тадқиқотӣ, навҷӯиву эҷодкорӣ, инкишофи неруи зеҳнӣ, мутобиқ намудани касбомӯзон ба талаботи бозори меҳнат ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи нафарони кордиҳанда ба афроди соҳибкасб аст.
Хонандагони литсейҳои касбӣ-техникие, ки дар озмун сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *