Ду куштори солҳои пеш ошкор гардид
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Р.М., соли таваллудаш 1957, Қ.М., соли таваллудаш 1965 ва А.Н., соли тавалулдаш 1966, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон: А.З., соли таваллудаш 1958, Ф.М., соли таваллудаш 1965, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест ва Д.Б., соли таваллудаш 1966, ки айни замон дар қайди ҳаёт нест, ба хонаи ҳамдеҳаи худ Қ.С., соли таваллудаш 1943 даромада аз он ҷо Н.Д., соли таваллудаш 1943-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, ки ба шаҳрванд А.Н. тааллуқ дошт, савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, охиронро бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” ба қатл расонидаанд.
Барои дастгир намудани шаҳрванд, А.З. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Рӯзи 18-уми сентябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон: Н.И., соли таваллудаш 1964, Ҳ.Э., соли таваллудаш 1968 ва Н.Ш., соли таваллудаш 1965, сокинони деҳаи 18-ум Партсъезди ноҳияи Хуросон бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, моҳи феврали соли 1993 бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии шаҳрвандон: А.З., соли таваллудаш 1958, Р.Г., соли таваллудаш 1964, бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи шаҳрванд Қ.С., соли таваллудаш 1943, сокини деҳаи 18-ум Партсъезд даромада, аз он ҷо шаҳрванд Н.Т., соли таваллудаш 1942-ро маҷбуран ба автомашинаи тамғаи “Урал”, ки ба шаҳрванд Н.Ш. тааллуқ дошт, савор карда, ба наздикии қабристони деҳаи Уялӣ бурда, охиронро оташ зада, баъдан бо истифодаи силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников” ва “Макаров” ба қатл расонидаанд.
Барои муайян ва дастгир намудани шаҳрвандон: А.З. ва Р.Г. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 (таҳрири соли 1961) Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ