Муаллим  ноболиғонро ба Афғонистон фиристодан мехост

Чаҳор ҷавоне, ки ду нафарашон замони боздошт 17 ва дуи дигар 16-сола буданд, бо таблиғи як омӯзгори забони англисӣ мехостанд ба Афғонистон рафта, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣҳамроҳ шаванд.

Маъмурони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон рӯзи 13-уми июли имсол чаҳор нафар – Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Қурбонов, Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев – сокинони шаҳри Душанбе ва Муҳаммад Набизода, сокини ноҳияи Рӯдакиро дар ҳудуди ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, тақрибан панҷ километр дуртар аз марзи Афғонистон боздошт карданд.Ду манбаъ — яке дар ниҳодҳои интизомӣ ва дигаре дар соҳаи маориф, боздошти ин чаҳор нафарро тасдиқ кардаанд. Манбаъ дар идораи маориф гуфтааст, ки онҳо таҳти таъсири муаллими худ тундрав шудаанд. Ин мақоми соҳаи маориф мегӯяд, ки муаллими забони англисӣ дар мактабҳои таҳсилкардаи ин чаҳор нафар дарс намегуфт, аммо бо онҳо дар курси хусусии таълими забонҳои хориҷӣ ошно шудааст. Ин омӯзгори 27-сола, ба гуфтаи мақомот, ҳоло дар боздошт қарор дорад.Ба қавли манбаъ, ин муаллим соли 1990 дар Душанбе таваллуд шуда, соли 2012 Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм кардааст. Омӯзгори ҷавон баъд аз хатми донишгоҳ дар курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Душанбе ба алоқамандон аз забони англисӣ дарс медод. Ҳоло мақомот мушаххас мекунанд, ки муаллим аз куҷо ва таҳти таъсири кӣ ба таблиғгари ДИИШ табдил шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *