Ду медали варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё

Аз 25 то 30-юми март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати куштии Осиё дар намуди тарзи озод ва юнону румӣ баргузор шуд, ки паҳлавонони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мусобиқа аз куштии тарзи озод Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомет Евлоев (79 кг), Салимҷон Ҳалимзода (86 кг) ва аз куштии юнону румӣ Аслам Азизов (60 кг), Сунатулло Абдуллоев (67 кг), Лоиқ Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулҳаев (87 кг) ва Эдуард Бабеношев (+97 кг) муаррифӣ карданд. Мустафо Ахмедов (65 кг) осеб бардошт ва дар ин мусобиқа ширкат карда натавонист.

Тими мунтахаби куштии тарзи озоди Тоҷикистон як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овард, аммо паҳлвонони куштии юнону румӣ бидуни медал мусобиқаро ҷамъбаст карданд.

Медали нуқраро Виктор Рассадин (70 кг) соҳиб шуд. Ӯ дар се давр бар намояндагони Урдун Заид Меслаҳ, Эрон Сина Маҳдӣ, Муѓулистон Тулга Тимур Очир ѓолиб омада, дар финал аз паҳлавони Қирѓизистон Эрназар Акматалиев маѓлуб шуд.

Магомед Евлоев (79 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт. Ӯ зӯрозмоиро аз чорякфинал оѓоз карда, бар намояндаи Ҳиндустон Чандермоҳан ѓолиб омад, вале дар нимфинал аз паҳлавони эронӣ Маҳдӣ Муҳаммад шикаст хӯрд. Сипас, дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони қазоқ Даулет Ергешро маѓлуб кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image