Ду муҳоҷири тоҷик бар асари таркиш ҳалок шуданд

Рӯзи 17 июл бар асари таркиши балони газ дар як корхона дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Онҳо ду бародар буда, дар ширкати «ПО Автоген” кор мекарданд. Балони газ вақте таркид, ки ин ду бародар ба рехтани газ ба балонҳо машғул будаанд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Раёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 18 июл хабар дод, ки дар робита ба таркиши як рӯз пеш дар минтақаи саноатии воқеъ дар кӯчаи Литовская, 11 бар асоси қисми сеюми моддаи 216-уми Кодекси ҷиноятии Русия (вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Таркиш дар корхонае, ки ба рехтани газ ба балонҳо машғул буд, соати 12:39-и рӯзи 17 июл рух додааст. Кумитаи тафтишот мегӯяд, аз маҳалли таркиш ду ҷасадро пайдо кардаанд.

Намояндаи маркази матбуоти раёсати тафтишоти Петербург рӯзи 18 июл дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” тасдиқ кард, ки қурбониёни ин таркиш муҳоҷирон аз Тоҷикистон будаанд: «Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, кушташудаҳо ду бародар аз Тоҷикистонанд ва вақте ба ҳалокат расиданд, ки ба балон газ мерехтанд. Иттифоқан гази пропан таркидааст ва сабаби марги ин ду бародар шудааст.”

Кумитаи тафтишот мегӯяд, корҳои тафтишотӣ ва ташхиси тиббиву судӣ дар робита ба ин фалокати марговар идома дорад.

Ду бародаре, ки кушта шуданд, дар ширкати «ПО Автоген” кор мекардаанд. Ин ширкат дар кӯчаи Литовская коргоҳе дорад, ки гази пропанро ба балонҳо рехта, ба фурӯш мебарорад.

Қаблан дар инҷо парки трамвайҳо ва корхонаи механикии трамвайҳои Петербург (Петербургский трамвайно-механический завод) ҷойгир буд, вале ин корхона дар соли 2015 варшикаста шуд ва биноҳову анборҳо ва коргоҳҳояшро ба ширкатҳои дигар фурӯхтанд.

Сокинони биноҳои атроф ва коргарони корхонаҳои дигар дар ин минтақаи ноҳияи Калинини шаҳри Петербург мегӯянд, шиддати таркиш чунон сахт буд, ки шишаҳои тирезаҳои биноҳои атроф дар масофаи то чандсад метр шикаста, фурӯ рехт.

Бознашр аз «Ахбор»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *