Ду нигоҳ. Нишонаи шиаъ будани Кабири ва изҳороти ҶИЭ
Ду нигоҳ аз як равзана: Ангуштанирини раиси ҲНИТ нишони шиа будани ӯ ва дар ин замина паҳн гардидани изҳороти сафорати Эрон.
ОЁ ШИЪА ШУДАНИ НАҲЗАТИЁН ТУҲМАТ АСТ?
Далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ
12-уми майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа саҳифаҳои нави хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онро нисбат ба давлату мардуми Тоҷикистон ифшо намуданд. Дар ин суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон бо такя ба далелҳои муътамад ва мисолҳои дақиқ бо ин мазмун таъкид карданд, ки пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, баъзе аз онҳо дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд.
Пас аз садо додани ин ҳақиқати ошкор, роҳбарони гурезаи ҲНИ ва хоҷагони он ба изтироб афтода, маъракаи васеи иттилоотиро барои инкори ин ҳақиқат ба роҳ монданд. Аз ҷумла, ин ҳафта Раиси ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ М.Кабирӣ аз тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи ин мулоқоти Пешвои миллат мусоҳиба ороста, талош дорад, ки наҳзатиёнро аҳли мазҳаби ҳанафӣ нишон дода, шиъа шудани онҳоро бо ҳар роҳ пинҳон кунад.
Албатта, мазҳаби шиъаро қабул кардани наҳзатиён ягон ҷойи шубҳа надорад. Далелҳои бешумор, шоҳидии аъзои ҳизб, санаду навору суратҳои зиёд борҳо исбот мекунанд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурўхта, пурра ба мазҳаби бегонаи шиъа даромадаанд. Раванди шиъа шудани наҳзатиён як ҷараёни тўлонӣ буда, он аввал аз таваҷҷуҳи роҳбарони ҲНИ ба инқилоби исломии Эрон оғоз шуда, дар шакли робитаҳои сиёсию вобастагии молиявии ҲНИ аз доираҳои шиъа ва зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии ҶИ Эрон идома ёфта, дар ниҳоят, ба пайравӣ ва қабули мазҳаби шиъа аз тарафи роҳбарони ин ҳизб анҷомид.
Бинобар ин, ҳамчун яке аз шоҳидони бевоситаи раванди шиъашавии роҳбарияти ин ҳизб, мехостам чанд далели раднашавандаро дар ин бора пешниҳод кунам. Ин ҷо масъаларо баррасӣ накарда, фақат факту далелҳои ошкорро пешкаш менамоем, то худи хонандаи боҳуш дар бораи сад фоиз шиъа шудани наҳзатиён хулосаи зарурӣ барорад.
Пас, чи далелҳои ошкоре дар бораи мазҳаби шиъаро қабул кардани ҳизби наҳзати исломӣ вуҷуд дорад?
Санадҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки аксари роҳбарияти ҲНИ ҳанўз аз даврони Иттиҳоди Шўравӣ то имрўз худро муриди роҳбари инқилоби шиъии Эрон Оятулло Хумайнӣ дониста, ҳамчун шиъаёни инқилобӣ ўро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам Хумайниро ҳамин хел номида, ба ҷойи Қуръону ҳадис китобҳои мазҳаби шиъаро мехонданд. Баъзе роҳбарони наҳзатӣ, аз ҷумла С.А.Нурӣ, Эшони Қиёмиддин, Саъдиддини Рустам, Бобоҷон Қаюмов ва ғайра дар васфи Хумайнӣ чандин мақолаю шеъру рубоию достон навиштаанд, ки дар рўзнома ва маҷаллаҳои ҲНИ чун «Наҷот» ва «Сафина» ба таври муназзам чоп шудааст. Дар ин бора ҳар кас метавонад саҳифаҳои ин нашрияҳоро варақ занад.
Шиорҳо ва даъватҳое, ки пайравони ТТЭ ҲНИ дар митингҳои солҳои 1991-1992 истифода мекарданд, иртиботи қавии наҳзатиҳо бо Эрон ва мазҳаби шиъаро нишон медиҳад. Масалан, «Роҳи мо роҳи Алист, бирав гум шав, коммунист!», «Амрико, Амрико, марг ба найранги ту, хуни шаҳидони мо, мечакад аз чанги ту!», «Ҳам шиъаю ҳам суннӣ, роҳбари мо Хумайнӣ», «Аллоҳу Акбар, Ҳумайнӣ раҳбар!», «Атри гули муҳаммадӣ, Вилоятӣ хуш омадӣ!» ва ғ..
Касоне, ки ҳодисҳо ва шиорҳои инқилоби исломии Эрон дар солҳои 80-умро донанд, хуб медонанд, ки шиорҳои наҳзатиҳо такрори шиъорҳои ҳаракатҳои мазҳабии шиъаён аст. Фаъолони ҲНИ Қорӣ Муҳамамдҷон, Эшони Қиёмиддин ва Саъдидини Рустам ин шиорҳоро дар майдони Шаҳидон ҳар рўз бо баландгўяк мехонданд ва аъзоёни ҲНИ онро такрор мекарданд. Сабти ин саҳнаҳо барои таърих боқӣ мондааст.
Далели дигаре, ки дараҷаи олии пайравию пойбандии наҳзатиён аз мазҳаби шиъаро исбот мекунад, ин аст, ки аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ фарзандони худашонро бо номи имомони мазҳаби шиъа, охундҳои машҳури шиъа ва махсусан, роҳбарони инқилоби исломии Эрон мисли Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Хумайнӣ, Биҳиштӣ, Мутаҳаррӣ, Рўҳуллоҳ, Ҳусайнӣ (дутои охираш номҳои Оятулло Хумайнӣ), Боҳунар, Чамрон, Ҳоирӣ, Заҳро ва ғайраҳо номгузорӣ кардаанд. Масалан, фарзандони худи асосгузори ҲНИ С.А.Нурӣ — Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, фарзандони Раиси ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ — Рўҳуллоҳ, Муртазо, Биҳиштӣ ва Меҳдӣ, писарони муовини якуми раиси ҲНИ Саидумар Ҳусайнӣ — Саидмеҳдӣ, Саидҷавод ва Биҳиштӣ, фарзандони узви Раёсати ТЭТ ҲНИ Шамсидин Саидов — Рўҳуллоҳ, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Инҳо ҳамаашон номҳои пешвоёни инқилоби исломии Эрон аст, ки ба таври анъанавӣ барои тоҷикон хос нест. Ин далелҳои одӣ пайравии роҳбарони ҲНИ-ро нисбат ба пешвоёни мазҳаби шиъа нишон медиҳад.
Илова бар ин, он роҳбарони ҳизби наҳзат, ки дар аввал номҳои хосси аҳли суннат доштанд, пас аз пазируфтани мазҳаби шиъа номҳои худро бо номҳои «шиъагӣ» иваз карда, ё тахаллусҳои шиъагӣ гирифтанд. Соли 2000-ум дар хонаи яке аз аъзои роҳбарияти ҲНИ Абдусаттор Каримов (Махсуми Сатторча) меҳмон будем. Саидумар Ҳусейнӣ, ки он вақт вазифаи Дабири Кулли ҲНИ-ро ба ўҳда дошт, нав аз сафари Эрон баргашта буд. Ў нақл кард, ки пеш аз вохўрии роҳбарияти ҲНИ бо роҳбари мазҳабии Эрон Сайидалии Хоманаӣ, намояндагони ў ба наҳзатиён гуфтаанд, ки «ин чи тур мешавад, ки исми Шумо «Сайидумар» бошад? Магар Умар ҳам сайид мешавад? Роҳбари инқилоб аз ин ном хеле бадашон меояд. Онро бояд фавран иваз кунем, вагарна мулоқот доир намешавад.» Он вақт, ба гуфтаи С.Ҳусайнӣ, номи ўро эрониён фавран аз «Сайид Умар» ба «Сайид Алӣ» табдил доданд ва дар мулоқот ўро Сайид Алии Ҳусайнӣ муаррифӣ карданд. Роҳбари мазҳабии ҶИ Эрон аз ин номи ў хеле хушҳол шуда гуфтааст: «Баҳ-баҳ, худи исми Шумо ихлоси шуморо ба «аҳли байт» нишон медиҳад»… Ин гуна мисолҳо фаровонанд.
Далели дигари гароиши бевоситаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба мазҳаби шиъа дар он аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо нафар фаъолон ва пайравони ин ташкилот дар мадрасаҳои динии шиъӣ дар Эрон дарс хонда, ба мазҳаби шиъа даромаданд. Таъминоти молии худ ва оилаҳои роҳбарони ҲНИ пурра аз тарафи марказҳои мазҳаби шиъа таъмин мешуд.
Баъди барқарории сулҳ дар Тоҷикистон алоқаҳои аъзоёни ҲНИ бо мазҳаби шиъа бақувваттар шуд. То манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки аксарашон фарзандон ва хешу таборони аъзоёни ҲНИ мебошанд, дар мадрасаҳои мазҳабии Эрон дарс мехонданд. Аксари онҳо дар шаҳри Қум (маркази оламии мазҳаби шиъа), шаҳри Гургон ва дигар ҷойҳои Эрон таҳсил мекарданд ва ба мазҳаби шиъа дохил шуда буданд. Вақте, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон донишҷуёни тоҷик аз мадрасаҳои динии хориҷа баргардонда шуданд, фиристодаҳои наҳзат аз қарори Ҳукумат сарпечӣ карда, аз мадрасаҳои Эрон барнагаштанд. Онҳо хондани худро то имрўзҳо ҳам давом дода истодаанд.
Он вақт оятуллоҳои шиъа ҳатто иҷозат надоданд, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Эрон бо ин толибон дар мадрасаҳои Қум мулоқот карда, онҳоро барои бозгаштан ба ватан даъват кунанд. Шумораи онҳоро ҳам махфӣ нигоҳ доштанд.
Аммо манбаъҳои боваринок тасдиқ мекунанд, ки дар ҳамин шабонарўз беш аз 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзоёни ҲНИ дар мадрасаҳои динии шаҳри Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиъа дарс мехонанд ва ё дар ин кишвар аз ҳисоби будҷети давлатии Эрон зиндагӣ мекунанд. Дар байни онҳо фарзандони С.А.Нурӣ — Муҳаммадҷони Нурӣ ва Саидова Руқия (бо фарзандони ноболиғашон), ҳамсари С.А.Нурӣ — Саидова Шаҳриниссо, домодаш -Абдусатторов Абдусамад, ҳамчунин Тиллоев Маҳмадсолеҳ Кабирович (бародари М.Кабирӣ); хоҳарзодаҳои М.Кабирӣ (2 нафар, яке бо ҳамроҳии занаш ва як кӯдаки хурдсол), набераи Акоша Кабирӣ, фарзандони муовини якуми Раиси ТЭТ ҲНИ Саидумар Ҳусейнӣ (писар ва келинаш), фарзандони Саидиброҳим Назаров (3 нафар), писарон ва набераҳои Шамсиддини Саид (5 нафар), писарони мулло Саъдиддини Рустам (бо келинаш), Кузов Маҳмадраҳим (Шонаими Карим), роҳбари бахши молиявии ТТЭ ҲНИ, Бурҳонов Юнус Аббосович бо аҳли оилааш ва ғайраҳо ҳастанд. Оиладорон бошанд, дар хобгоҳи оилавӣ зиндагӣ карда, бо хӯроки бепул ва идрорпулиҳои баланд таъмин ҳастанд.
Шояд баъзе аз ин мисолҳоро ба гузашта мансуб донем, аммо имрўз, яъне пас аз дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудани фаъолияти ҲНИ ва аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон ҳизби экстремистию террористӣ эълон шудани он, боз ҳам зиндагӣ ва таҳсили аъзои оилаи роҳбарон ва пайравони ТТЭ ҲНИ дар марказҳои динии ҶИ Эрон идома дорад. Рўйхате, ки дар зер пешниҳод мешавад, на ба гузашта, балки маҳз ба имрўз, яъне ба миёнаи соли 2018 тааллуқ дорад; рўйхати баъзе аз фаъолон ва аъзои хонаводаи роҳбарияти ҲНИ, ки дар ҶИ Эрон зиндагӣ ва таҳсил мекунанд:
- Абдуллоева Шаҳриниссо Сабурхоновна, ҳамсари С.А.Нурӣ, истиқоматкунандаи маҳалаи Рисола, БолошаҳриТеҳрон;
2. Саидов Муҳаммад Абдуллоевич, писари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1974, бо ҳамсар ва фарзандонаш,истиқоматкунандаи маҳалаи Рисола, Болошаҳри Теҳрон;
3. Саидова Руқия Абдуллоевна, духтари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1972, бо аъзои оилааш, истиқоматкунандаимаҳалаи Рисола, Болошаҳри Теҳрон;
4. Абдусатторов Абдусамад Ҳакимович, домоди С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1974, бо ҳамсар ва фарзандонаш, истиқоматкунандаи маҳалаи Рисола, Болошаҳри Теҳрон;
5. Бобоев Абдусаттор Хоҷаевич, узви Раёсати ТЭТ ҲНИ, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи шаҳри Теҳрон,маҳаллаи Саодатобод, шаҳраки Посоргод, бинои №31; (ба Аврупо рафта меояд)
6. Кабиров Маҳмадсолиҳ Тиллоевич, бародари М.Кабирӣ, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи шаҳри Теҳрон,телефонаш дар моҳи майи соли 2018 (+98) 9351739963;
7. Гадоев Файзулло Саидович, соли таваллудаш 1986, толибилми риштаи сиёсии Донишгоҳи Ҷомеат ал Мустафоишаҳри Қум, бо ҳамсараш Одинаева Бунафша ва фарзандонаш Муҳаммад, Марям, Мустафо ва Райҳона, истиқоматкунандаи ш.Қум, писари Саид Иброҳими Назар;
8. Руҳуллои Саид, толибилми риштаи сиёсии Донишгои Ҷомеат ал Мустафои ш.Қум бо ҳамсараш Бобоева Моҳистонва фарзандонашон Алӣ, Фотима ва Тайиба, писари Саид Иброҳими Назар;
9. Саидов Руҳулло Шамсиддинович, истиқоматкунандаи шаҳри Машҳад, толибилми риштаи пизишкии ДонишгоҳиФирдавсии Машҳад, домоди Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва писари Шамсиддини Саид;
10. Саидов Ҳикматуллоҳ Абдуллоевич, писари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1982;
11. Саидова Оиша Абдуллоевна, духтари С.А.Нурӣ, соли таваллудаш 1980;
12. Ваҳобов Азимҷон Азизович, раиси ҲНИ дар минтақаи Қурғонтеппа, соли таваллудаш 1976;
13. Фаризаи Шоҳнаим, духатри узви Раёсати ҲНИ Кузов Шоҳнаим, соли таваллудаш 1994;
- Бурҳонов Юнус Аббосович, идеологи ТЭТ ҲНИ, бо зану фарзандони хурдсолаш дар шаҳри Занҷони вилояти Занҷонзиндагӣ мекунад.
15. Бурҳонов Маҳмуд Аббосович, ширкати хусусии “Бухорои Шариф”—ро дошта, ба тиҷорати хушкмева аз Эрон баРоссия машғул аст. Дар шаҳри Қум, шаҳраки Пардисон, хиёбони Оқо Юсуфӣ, кўчаи 22, бинои рақами 9, дар табақаиякум, бо аҳли хонаводааш зиндагӣ мекунад.
16. Бурҳонов Муҳаммадалӣ Юнусович (писари Бурҳонов Ю.А.), муҳассили «Ҷомеат- ул-Мустафо ал-оламия», даршаҳраки Пардисони Қум зиндагӣ мекунад. Ӯ тарроҳ, таҳиягар ва масъули техникии сомонаи “Кимиёи саодат” аст. Ва ғайраю ғайра…
Айни замон ному насаби 328 сокини вилояти Хатлон муайян карда шудаанд, ки дар мадрасаҳои динӣ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври ғайриқонунӣ таълим гирифтаанд. Аксари онҳо бевосита дар мадрасаҳои динии шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Хош, Гургон ва Машҳад, ки дар онҳо пурра аз рўйи мазҳаби шиъа дарсҳо ба роҳ монда шудааст, таълимот гирифтаанд.
Илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динии шиъа, барои паҳн шудани ақидаи шиъа дар байни наҳзатиён курсҳои кутоҳмуддату дарозмуддати таълимоти сиёсию мазҳабӣ ташкил мешаванд. Масалан, рўйхату факту далелҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои 2000-2015 ҳар сол даҳҳо нафар аз роҳбарони ТТЭ ҲНИ барои гузаштани курсҳои мазхаби шиъа ба Эрон бурда мешуданд. Пули чиптаҳо ва меҳмонхонаҳои қимматбаҳоро барои онҳо марказҳои мазҳаби шиъа аз ҳисоби хумси мазҳабӣ медоданд. Як қисми ин хел курсҳои мазҳабӣ дар худи Тоҷикистон дар қароргоҳи маркази ҲНИ ё дар ҷойҳои махсуси дигар мегузаштанд.
Масалан, моҳҳои апрел-майи соли 2012 мубаллиғи мутаассиби машҳури шиъа Ҳасани Раҳимпур ба Тоҷикистон омада, дар идораи марказии ТТЭ ҲНИ чандин дарси мазҳаби шиъа гузашт. Навори видеоии дарсҳои Раҳимпур дар дафтари ҲНИ дар Душанбе дар интернет мебошад. Дар он навор дида мешавад, ки чӣ хел роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар сафи пеши дарси ин мубаллиғи шиъа нишаста, суханҳои ўро зидди мазҳаби аҳли суннат тасдиқ карда, сар меҷунбонанд.
Ҳамзамон, намояндагони хадамоти махсуси ҶИЭ зери пӯшиши кормандони марказҳои мазкур фаъолият бурда, шумораи зиёди ҷавонони ҷумҳуриро ҷалб ва барои таҳсил ба донишкадаву мадрасаҳо ва таълим дар курсҳои кӯтоҳмуддати марказҳои динии ин кишвар равон намудаанд. Фақат дар моҳи сентябр ва октябри соли 2012 ду гурӯҳ иборат аз занону духтарони фаъоли ҷумҳурӣ бо ташаббуси муовини раиси ТТЭ ҲНИ Муҳаммадкарими Орзу ва сардори шуъбаи кор бо занони он Парвина Иброҳимзод аз ҳисоби Ройзании фарҳангии Эрон барои таълим дар курсҳои даҳрӯза ба мадрасаи «Ҷомеат- ул-Мустафо ал-оламия» ва ба шаҳри Теҳрон фиристода шуданд.
Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ТЭТ ҲНИ пурра ба зери мазҳаб ва сиёсати байналхалқии ташайюъ даромада, ҳатто ба таври расмӣ узви «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» шуд. Соли 2013 раиси ин ҳизб М.Кабирӣ дар Теҳрон муовини роҳбари ин ҳаракати байналхалқӣ интихоб шуд. Бояд гуфт, ки «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ» як ҳаракати динӣ ва сиёсии ифротгарои мазҳаби шиъа буда, қувваҳои динию сиёсии шиъа ва ё шиъагароро дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад. Он як тарҳи бузурги сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикии Эрон буда, роҳбарии онро собиқ вазири корҳои хориҷии ҶИ Эрон ва ҳоло мушовири роҳбари мазҳабии Эрон дар масъалаҳои байналхалқӣ, доктор Алиакбари Вилоятӣ ба уҳда дорад. «Бедор кардани мусулмонон» дар ин ташкилот ба маънои бар зидди давлату миллатҳои худашон шўрондану хезондани мусулмонон дар ҳар кишвари олам аст.
Роҳбари ҲНИ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳонии шиъаён шуд. Ин далел ҳам нишон медиҳад, ки роҳбарияти ҲНИ амалан мазҳаби шиъаро қабул карда буд, чунки дар ин ҳаракати махфии сиёсии ифротии шиъаён ҳаргиз намояндагони аҳли суннатро қабул намекунанд.
Гароиш ёфтани ТТЭ ҲНИ ба мазҳаби шиъа дар ин ҳам дида мешавад, ки дар рўзномаи ҳизбии ҲНИ «Наҷот» ва нашрияҳои он ҳар ҳафта мақолаҳои муаллифҳои шиъа ва фатвоҳои оятуллоҳои шиъа чоп мешуд. Масалан, рўзномаи «Наҷот» ҳамаи баромадҳои Оятулло Хоманаӣ, роҳбари мазҳабии Эронро чоп мекард ва он дар байни аъзои ТТЭ ҲНИ хонда, чун «паёми валии амри муслимин» таблиғ мешуд. Бо суханони дигар, матбуот ва сайти ҳизбии ТТЭ ҲНИ ба минбари таблиғ кардани ақидаҳои мазҳаби шиъа табдил ёфта буданд.
Марҳилаи дигари раванди шиъашавии наҳзатиён дар он ифода мешавад, ки аз солҳои 2000-ум то имрӯз дар байни аъзои қатории ҲНИ ҳам гароиш ба мазҳаби шиъа пурзўр шуд. Дар ин давра, аз ҷумла дар деҳаи Кўли шаҳри Кӯлоб, дар маҳаллаи Хоҷаи Пири шаҳри Истаравшан, дар қитъаи 2-юми ноҳияи Мастчоҳ, дар маҳаллаҳои нав (34, 35, 18)-и шаҳри Хуҷанд даҳҳо оилаи наҳзатиҳо ба таври оилавӣ аз мазҳаби ҳанафӣ баромада, мазаби шиъаро қабул карданд. Ҳамсояҳои онҳо инро пурра мебинанд ва медонанд.
Бо даъвату ташвиқи бевоситаи яке аз роҳбаладони шиъашудаи наҳзатӣ Раҳимҷонов М. бо лақаби «Домулло Маъруфҷон», то имрўз зиёда аз 120 нафар сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла аз шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ ба таври ғайриқонунӣ дар мадрасаи ш.Қуми Эрон таҳсил намуда, мазҳаби шиъаро қабул кардаанд. Раҳимҷонов М. дар ин давра тавассути шогирдони худ маводи тарғибкунандаи мазҳаби шиъаро дар ҳудуди ҶТ паҳн менамояд. Чунончи, соли 2009 сокинони шаҳри Истаравшан Зиёдуллоев Акрам Акбарович ва Хусейнов Увайдулло (ба тахаллуси «Субҳӣ Ҷавҳаризода»), бо истифода аз имкониятҳои сафорати Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври пинҳонӣ адабиёти динии «Марворид» ва «Ғазза»-ро, ки ба мазҳаби шиъа мансуб буда, ғояҳои ҷангҷӯёнаи ҷунбиши «Ҳамос» (Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин)-ро дорад, ворид намуданд.
Шогирди асосӣ ва домоди М.Раҳимҷонов — Бурҳонов Юнус Аббосович, маъруф ба «Сайидюнуси Истаравшанӣ», соли таваллудаш 1969, зодаи шаҳри Истаравшан аз соли 1994 то соли 1999 дар мадрасаи динии шаҳри Қум таҳсил карда, мазҳаби шиъаро қабул намудааст. Ў бо ҳамаи бародарҳо, хоҳарон, фарзандон, хешу таборҳо мувофиқи мазҳаби шиъа зиндагӣ карда, тибқи он намоз мехонад. С.Истаравшанӣ ҳоло ҳам дар ҶИ Эрон истиқомат дошта, бо сарпарастии мақомоти махсуси он сомонаи интернетии «Кимиёи Саодат»-ро таъсис дода, бар зидди давлату миллати Тоҷикистон фаъолияти мебарад.
Аъзои дигари ҲНИ, сокинони ноҳияи Масчоҳ бародарон Фозилов Мирзоюсуф Обидович (вафот кардааст) ва Фозилов Абдурашид Обидович низ дар марказҳои динии Эрон таълимоти динӣ гирифта, мазҳаби шиъаро қабул намуданд ва баъди ба Ватан баргаштан, дар байни сокинони ноҳияи Мастчоҳ тарғибу ташвиқоти мазҳаби мазкурро бурда, аз ҳисоби ҳамдеҳагони худ сафи шиъамазҳабонро зиёд менамуданд. Аз соли 2007 Фозилов Абдурашид ба Федератсияи Россия фирор намуда, айни замон ба роҳнамоии хадамоти махсуси Эрон фаъолияти ифротгаронаи худро байни муҳоҷирони тоҷик идома дода истодааст. Инчунин, мунтазам ба Эрон ташриф оварда, бо дастгирии молиявии хадамоти махсуси Эрон дар Россия як фермаро харидорӣ намудааст.
Аломати дигар, ки пурра ба мазҳаби шиъа гузаштани роҳбарияти ҲНИ-ро нишон медиҳад, бо тамоми олимони динии ҳанафимазҳаби Тоҷикистон ихтилоф ва муносибати бад доштани онҳо аст. Онҳо олимони исломии тоҷик мисли Домулло Ҳикматулло, Домулло Маъруфи Элокӣ, Домулло Ҳусейнҷон Мўсозода, Эшони Сайидҷони Сорбонхоҷа ва дигаронро бисёр бад дида, дар ҳаққи ин бузургони мазҳаби ҳанафӣ дар Тоҷикистон гапҳои қабеҳ ва носазо мегўянд.
Моҳи майи соли 1994 наҳзатиён дар Афғонистон ҳатто фатвои қатли бузургтарин олими ҳанафии Тоҷикистон, мухолифи асосии ҳизбсозию мазҳаббозии наҳзатиҳо, Мавлавӣ Муҳамамдии Қумсангириро содир карда, барои аз байн бурдани ў амалиёт гузаронида буданд. Дар он амалиёт 6 муриди Мавлавӣ кушта шуданд. Фақат бо мусоидати Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ин шахсияти динии тоҷик наҷот дода шуда, ба Тоҷикистон баргардонида шуд.
Дар ниҳоят, бояд қайд шавад, ки як аломати хосси пайравии мазҳаби шиъа, дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангии калон аст. Нигини ин ангуштари шиъӣ аз санги сиёҳ ва тираранг мебошад. Агар суратҳо ва наворҳои аксари роҳбарони ТТЭ ҲНИ-ро бинед, онҳо ин рамзи шиъаро риоят мекунанд. Дар ангушти Эшони Қиёмиддин, Шамсиддин Саидов, Саъдиддини Рустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ҳатто дуто ё сетои ин хел ангуштаринҳои нигиндорро мебинед.
Ногуфта намонад, ки яке аз «ҳикматҳо»-и ин ангуштар дар мазҳаби шиъа ин аст, ки агар онро чаппа тоб диҳӣ, яъне нигини он аз тарафи даруни даст ояд, ба шиъаён дуруғ гуфтан иҷозат аст. Ин як эътиқоди қадимии мазҳаби шиъа аст, ки дар китобҳояшон омадааст. Борҳо дида шудааст, ки роҳбарони шиъашудаи ТТЭ ҲНИ ҳам ин қоидаи мазҳаби шиъаро бисёр истифода мекунанд. Бо фатвои оятуллоҳои мазҳаби нави худашон нигини ангуштарашонро дарун тоб метиянду дурўғ гуфтан мегиранд. Ба касе, ки бошад, ба падар, модар, зан, фарзанд, халқ, ватан, миллат дуруғ гуфтан мегиранд.
Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиъаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавияшон, гапҳояшон ва шиорҳояшон, амалҳояшон, ҷойи хонданашон, паноҳгоҳҳояшон, ҷойи зиндагияшон, ҳамааш нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии халқи тоҷик рўирост даст кашида, ба мазҳаби бегона дохил шудаанд. Пас, суханони асосноки Пешвои миллат, мақомот ва уламои исломии Тоҷикистон дар бораи мазҳаби бегонаро қабул кардани пайравони ҳизби наҳзат на танҳо туҳмат нест, балки ҳақиқатест, ки инкори он ҳаргиз имкон надорад.
Ин аст ки ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Зеро халқи тоҷик ҳаргиз мазҳабфурўшонро намебахшад. Ҳар тоҷике, ки имоми мазҳаби худаш – Имоми Аъзам Абу Ҳанифа ва мазҳаби ҳанафии худашро дўст медорад, наҳзатиҳои мазҳабфурўшро маҳкум мекунад.
Нозим НУРОВ,
ходими калони илмии АИ ҶТ
Бознашр аз АМИТ «Ховар»
ПОСУХИ САФОРАТИ ЭРОН БА “ХОВАР”: БА ДОМИ ДУШМАНОН НААФТЕД!
Сафорати Эрон дар як изҳорот «душманони Ислом, ба вежа Исроил” ва «сафири як кишвари қабилаӣ” (манзур – Арабистони Саудӣ)-ро айбдор кард, ки дар Тоҷикистон қасдан нафрапарокании мазҳабӣ ба зидди шиъаҳоро доман мезананд. Ин изҳорот дар посух ба як мақолаи нашршуда дар хабаргузории давлатии «Ховар” аст, ки дар он иддао мешуд, ки роҳбарони ҲНИТ мазҳаби шиъаро қабул кардаанд.
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба мусоҳибаи сафири Арабистони Саудӣ ва мақолаи «Оё шиа шудани наҳзатиён туҳмат аст”, ки ҳарду дар хабаргузории давлатии «Ховар” нашр шудаанд, навиштааст, ки ин посухро ибтидо барои чоп ба худи «Ховар” ирсол кардаанд, вале «Ховар” бар хилофи муқаррароти қонуни матбуоти Тоҷикистон онро чоп накардааст.
Сафорати Эрон дар посухаш, ки рӯзи 12 июл дар сомонаи расмии сафорат нашр шуд, менависад, «ихтилофафканӣ миёни мазҳабҳои исломӣ ва нафратпарокании мазҳабӣ алайҳи мазҳабҳои дигар чун ташаюъ… бетардид иҷрои хостҳои душманони Ислом, ба вежа Исроил мебошад.” Сафорати Эрон меафзояд, дар мақолаи нашркардаи «Ховар” «талош шуда, ки тасвири бегона ва ғайри қобили қабул аз мазҳаби ташаюъ ироа шавад ва ин дар ҳоле аст, ки бар асоси воқеиятҳо ва ба тасреҳи мақомоти зирабти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуморе аз мусулмонони Тоҷикистон низ шиа ҳастанд ва албатта ҳеҷ иртиботи хосе бо Эрон надоранд. Тавҳин ба шиаён ва бегона талаққӣ кардани инҳо зоеъ кардани ҳуқуқи шаҳрвандии ин атбои Тоҷикистон низ мебошад.»
Дар ин посух, ки аз номи бахши дипломатӣ ва расонаии сафорати Эрон дар Душанбе ба номи мудири хабаргузории давлатии «Ховар” Саидалӣ Сиддиқов навишта шудааст, ҳамчунин гуфта мешавад, ки масъалаи «нафратпарокании мазҳабӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон мавзӯи ҷадиде аст ва тарҳи он дар моҳҳои гузашта ва пас аз изҳороти тафриқаафканона ва иттиҳомоти сафири як кишвари қабилаӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифта, ки он ҳам дар Хабаргузории «Ховар» инъикос ёфт ва ҷойи басе таассуфаст.” Манзури сафорати Эрон аз сафири як кишвари қабилаӣ” яқинан сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад Ал-Бодӣ аст, ки Теҳрон маҳз Саудиро як дастандаркори асосии эҷоди ихтилоф байни Тоҷикистону Эрон медонад.
Сафорат аз «Ховар” хостааст, ки «аз бознашри матолиби беарзиши нашриёт ва сайтҳои зард ва беҳувият, ки ин арсаи муҳимро ба маҳалли савдо табдил додаанд, парҳез кунад ва ва бо ҳушёрӣ дар қиболи дасисаҳои Исроил ва ходимони минтақавии он… ба доми бадхоҳони миллатҳои бародар ва шарифи Эрон ва Тоҷикистон наафтад.”
Масъалаи «шиъашавии аъзои ҲНИТ” бори аввал рӯзи 12 май дар як суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизби мухолифи ҳукуматашро айбдоркард, ки «пурра мазҳаби шиъаро қабул кардаанд.” Роҳбарони ҲНИТ ин иддаоро рад мекунанд вамегӯянд, ки наҳзатиҳо чӣ гуна метавонанд дар як вақт ҳам ваҳҳобӣ, ҳам доишӣ ва ҳам шиъа бошанд, дар ҳоле ки инҳо равияҳои ба ҳам комилан мухолиф ва ҳатто оштинопазиранд?
«Ховар” – хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2 июл мақолаи Нозим Нуров, ходими калони илмии Академияи илмҳо бо номи «Оё шиъа шудани назҳатиён тӯҳмат аст?”-ро нашр кард. Муаллиф роҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро ба пазируфтани мазҳаби шиъа айбдор карда, навиштааст, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар мусоҳибаҳову мулоқотҳои ахираш талош дорад, ки «наҳзатиёнро аҳли мазҳаби ҳанафӣ нишон дода, шиъа шудани онҳоро бо ҳар роҳ пинҳон кунад.” Вале, менависад Нозим Нуров, «мазҳаби шиъаро қабул кардани наҳзатиён ягон ҷойи шубҳа надорад. Далелҳои бешумор, шоҳидии аъзои ҳизб, санаду навору суратҳои зиёд борҳо исбот мекунанд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурўхта, пурра ба мазҳаби бегонаи шиъа даромадаанд.”
Нозим Нуров истифодаи номҳои бештар хоси шиъа дар номгузории фарзандонашон аз ҷониби роҳбарони ҲНИТ, муовини раиси «Ҳаракати байналхалқии бедории исломӣ”, к созмони таҳти роҳбарии вазири собиқи хориҷаи Эрон Алиакбар Вилоятӣ, интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ва дар Эрон паноҳ бурдани 480 нафар аз хешу табори аъзои ҲНИТ, аз ҷумла зану ду фарзанд ва домоди асосгузори ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бародару ҷиянҳои Муҳиддин Кабирӣ, фарзандону набераҳои Саидумар Ҳусайнӣ, Шамсиддин Саид, Саъдиддини Рустам, Шоҳнаими Каримро дар мақолааш ҳамчун далел овардааст.
Вале як далеле, ки аз ҳама зиёд сару садо кард, ҳамчун як аломати хосси пайравии мазҳаби шиъамаънидод кардани анъанаи дар ангушти дуюми дасти чап андохтани ангуштарин бо нигини сангии калон аз санги сиёҳ ва тираранг аз ҷониби бархе намояндагони ҲНИТ буд.
Нозим Нуров дар ин робита навишта буд: ”Агар суратҳо ва наворҳои аксари роҳбарони ТТЭҲНИ-ро бинед, онҳо ин рамзи шиъаро риоят мекунанд. Дар ангушти ЭшониҚиёмиддин, ШамсиддинСаидов,СаъдиддиниРустам, Саидиброҳим Назар, Зубайдуллои Розиқ ҳатто дуто ё сетои ин хел ангуштаринҳои нигиндорромебинед.Ногуфта намонад, ки яке аз «ҳикматҳо»-и ин ангуштар дар мазҳаби шиъа инаст, ки агар онро чаппа тоб диҳӣ, яъне нигини он аз тарафи даруни даст ояд, ба шиъаён дуруғ гуфтан иҷозат аст. Ин як эътиқоди қадимии мазҳаби шиъа аст, ки даркитобҳояшон омадааст.”
Равобити Тоҷикистону Эрон аз соли 2015 ба ин тараф воридияк марҳалаи пуртаниш шудааст.
Бархе манбаи ин танишро дар парвандаи миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ мебинанд. Занҷонӣдар Эрон барои фасодкорӣ ва тасарруфи беш аз 2 миллиард доллар пули фурӯши нафт ба қатлмаҳкум шудааст. Мақомоти эронӣ бар ин боваранд, ки Занҷонӣ ин пулҳоро дар Тоҷикистон ваётавассути бонкҳои ин кишвар обулой кардааст. Душанбе инро башиддат рад мекунад.
Бархеи дигар манбаи ихтилоф байни ду кишвари форсизабонро дар қазияи ҲНИТ мебинанд. Мақомоти Тоҷикистон бар ин боваранд, ки ин ҳизб таҳти ҳимоят ва бо маблағгузории Эрон амалмекунад ва даҳҳо тан аз аъзо ва раҳбарони ҲНИТ-ро дар қаламраваш паноҳ додааст.
Даъвати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба як анҷумани исломӣ дар Теҳрон дар моҳи декабри соли2015 ва дастфишуриаш бо раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар ҳошияиин анҷуман хашми сахти Душанберо барангехта буд ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳатто сафириЭронро даъват карда, ба дасташ ёддошти эътирозӣ супурд.Соли 2017 бафарқ азҲиндуПокистон, Эронро ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай напазируфтанд ва манобеи дипломатииРусия гуфтанд, сабаби пушти дар мондани Эрон маҳз мухолифати Тоҷикистон ба унвони узвимуассиси Созмони Шанхай шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, Тоҷикистон Эронро ба паноҳ додан бамухолифони сиёсиаш айбдор мекунад.
Мақомоти дипломатии Эрон тарафи сеюмро дар хароб кардани муносибатҳои Душанбе бо Теҳронайбдор мекунанд. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Баҳром Қосимӣ чандин бор гуфт, кишварҳоисеюм хеле талош ва маблағгузорӣ ҳам карданд, то Душанберо нисбат ба Теҳрон чунин бадбинкунанд.
Манзури сухангӯи идораи сиёсати хориҷии Эрон ғолибан рақиби суннатиаш дар минтақа — Арабистони Саудист, ки дар солҳои охир бо Тоҷикистон равобити хеле наздикеро ба роҳ мондааст.
Моҳи сентябр дар расонаҳои арабӣ аз қавли Муҳаммад Бодӣ, сафири Саудӣ дар Душанбе изҳоротиаҷибулғарибе нашр шуд, ки дар он бад шудани муносибатҳои Тоҷикистон бо Эрон ҳамчун яккомёбии бузурги дипломатии Арабистони Саудӣ таъриф мешуд.
Сафорати Арабистон бо таъхири зиёд ин баёнияро қалбакӣ номид, вале бисёре аз нозирони умур низбар ин назаранд, ки Душанбе мехоҳад аз ин оби лойи рақобатҳои дерина байни Саудӣ ва Эрон моҳиихудашро бигирад.
Эрон, ки Тоҷикистонро як кишвари пойгоҳӣ (платсдарм) барои таҳкими ҷои пояш дар Осиёи Марказӣ мешуморад, бо ин воқеияти наве, ки ин платсдарм аз зери пояш меравад, тан доданӣ нест. Мақомоти дипломатии Эрон чандин бор гуфтаанд, ки талош хоҳанд кард, то равобитро бо Душанбеба ҳолати оддиаш баргардонанд. Вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ахиран ду дафъа – моҳи ноябри соли 2017 ва моҳи апрели соли 2018 аз Душанбе боздид ва бо президент Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ сӯҳбат кард, вале тавре ба назар мерасад, ба шикастани яхи муносибатҳо ноил нашуд.
Баъд аз мулоқоти моҳи апрел, хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии «ҳамаҷониба”-и масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният «махсус” таъкид кардааст, ки «сиёсати байналмилалии Тоҷикистон дар ин ҷода орӣ аз «меъёрҳои духӯра” буда, дар ҳамаи сатҳҳо ба таври созандаву шаффоф пеш бурда мешавад.” Санге ба полези Теҳрон, ки сиёсаташ ба фарқ аз Душанбе аз чунин «меъёрҳои духӯра” орӣ нест.
Бознашр аз сомонаи «Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ