ВКД барои ҷавонон озмун эълон кард

Вазорати корҳои дохилӣ озмунҳои «Забономӯзӣ», «Мақолаҳои беҳтарин» ва «Мутолиаи китобҳои бадеӣ»-ро эълон менамояд.
Аз он ҷумла, байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон то синни 35-сола озмуни аз худ намудани забонҳои хориҷӣ барои шахсоне, ки пеш ин забонҳоро аз худ накардаанд, эълон карда мешавад.
Довталабон метавонанд дар муддати се моҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ, арабӣ, испанӣ, фаронсавӣ, хитоӣ, немисӣ) машғул шаванд.
Ҳамчунин, бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни «Мақолаи беҳтарин» дар байни ҷавонони боистеъдод эълон карда мешавад.
Мақолаҳо бояд мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ободии диёр, корҳои созандагию бунёдкорӣ, манзараҳои нотакрор, ҷойҳои таърихӣ, сайёҳӣ, табиати зебо, чашмасорон, кӯҳу дарёҳо, боғҳои навбунёд, расму анъанаҳо ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир буда, равону ҷолиб бошанд.
Иштирокчиёни озмун метавонанд мақолаҳои худро бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон, мақолаҳои пешниҳодгардида дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ, ҳафтаномаи соҳавии «Қонун ва ҷомеа» ва дигар маҷаллаҳо дарҷ карда мешаванд.
Дар ин радиф, дар байни ҷавонону наврасон озмуни «Мутолиаи китобҳои бадеӣ» дар айёми таътили тобистона эълон карда мешавад.
Нафароне, ки дар ин муддат на кам аз 10 китоби бадеиро мутолиа мекунанд, ҳангоми ҷамъбасти озмун номгӯи китобҳои хондаашонро пешниҳод намоянд.
Озмунҳои мазкур 1 октябр дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегарданд.
Барои ишғоли ҷойи аввал дар озмуни «Забономӯзӣ» маблағи пулӣ муқаррар гардидааст.
Ҳамаи ғолибони озмунҳои зикргардида бо тӯҳфаҳои қиммат, медал, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 227-21-24, 223-23-31, 919-99-77-22, 919-81-86-66, 93-992-00-00, 93-410-36-10, 93-922-84-64, 987-58-18-02, 93-919-06-76
Суроғаҳои электронӣ: [email protected], [email protected]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *