Ду ҷой ва як ифтихорнома донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар олимпиада

Дастаи донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои иқтисодиёт, таърих, фалсафа, забон ва адабиёти тоҷик дар олимпиада иштирок намуданд.

Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, донишҷӯёни донишкада дар даври хотимавии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соҳиби як ҷойи дуюм, як ҷойи сеюм ва як Ифтихорнома гардиданд. Бояд гуфт, ки олимпиада бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *