21 май – Рӯзи Дави миллӣ

Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он, 21 майи соли 2017, соати 9:00 дар қаламрави кишвар Дави миллӣ баргузор мегардад.

Дави миллӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар доираи нақша-чорабиниҳои варзишии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2007 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май доир мешавад. Дар он хурду калон, новобаста ба синну сол иштирок мекунанд.

Хатти ҳаракати Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳро дарбар мегирад. Сафи иштирокчиёни ин чорабинӣ сол то сол меафзояд. Соли гузашта дар Дави миллӣ наздики 500000 нафар ширкат карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *