Марафони ҷумҳуриявии дучархаҳо

20 майи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Соли ҷавонон  веломарафони ҷумҳурияӣ  баргузор карда мешавад.

Муқаррар шудааст, ки 7 нафарӣ велосипедронон аз шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва  шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ба шаҳри Душанбе ҳаракат намуда, дар веломарафони пойтахт, рӯзи Давӣ миллӣ ва чорабиниҳои бошукӯҳи Ҳамоиши ҷавонону Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон — 23 май аз номи ҷавонони минтақаҳои кишвар иштирок мекунанд

Веломарафон тибқи хатсайри зерин доир карда мешавад:

  1. Хоруғ – Шуғнон – Рӯшон – Ванҷ – Дарвоз – Шамсиддин Шоҳин – Кӯлоб – Восеъ – Данғара – Норак – Ваҳдат – Душанбе;
  2. Хуҷанд – Спитамен – Истаравшан –Шаҳристон – Айнӣ – Варзоб – Душанбе;
  3. Кӯлоб – Восеъ – Данғара – Норак – Ваҳдат – Душанбе;
  4. Рашт – Нуробод – Роғун – Файзобод – Ваҳдат – Душанбе;
  5. Кӯрғотеппа – Абураҳмони Ҷомӣ – Хуросон – Рӯдакӣ – Душанбе;
  6. Турсунзода – Шаҳринав – Ҳисор – Душанбе.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *