Дар Вахш муаллима худро овехт

Дар ҷануби Тоҷикистон як омӯзгори мактаби миёна худро овехтааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин муаллима 26 сол дошта, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Вахш аз фанни забони хориҷӣ дарс мегуфтааст. Як манбаъ аз мактаби мазкур гуфтааст, ки ҳодиса субҳи 29 апрел ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин муаллима худро бо рӯймолаш дар оғилхонаи манзили падараш овехтааст. Ин қазия ҳоло зери санҷиши Додситонии Вахш қарор дорад ва далели ин амали ӯ муайян мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *