Ду раиси ҷамоат ва роҳбари ОБНОН-и Ҳисор дастгир шудаанд

Мувофиқ хабарҳои дарёфтӣ, Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар рӯзҳои охир се мансабдори баландпояро дар Ҳисор боздошт кардааст. Раиси ҷамоати шаҳри Ҳисор Ҷамшед Ӯроқов ба тамаъҷӯӣ, сохтакорӣ ва қаллобӣ, раиси ҷамоати Сомон Диловаршоҳ Мунавваров ба фурӯши ғайриқонунии замин ва раҳбари ОБНОН Баҳром Нарзуллоев ба гирифтани пора муттам мешаванд.

Кормандони шуъбаи Агентии мубориза бо коррупсия дар Турсунзода, ки умури ноҳияҳои водии Ҳисорро дар даст дорад, тақрибан ду ҳафта пеш Ҷамшед Ӯроқов, раиси ҷамоати шаҳри Ҳисорро дастгир кардаанд ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи Душанбе қарор дорад. Қазияи як қитъа замин дар наздикии чойхонаи машҳури «Харбуза” сабаби дастгир шудани ӯ аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии Агентии мубориза бо коррупсия дар Турсунзода шудааст.

Гӯё ӯ аз Мирзошариф Абдуллоев, як сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор, ки дар замони раиси Ҳисор будани Усмон Сабзов муовини ӯ буд, барои ҷудо кардани ин қитъаи замин 11 ҳазор доллар талаб кардаанд ва Абдуллоев ба Агентӣ шикоят бурдааст.

Диловаршоҳ Мунавваров, раиси ҷамоати деҳоти Сомон (собиқ Хонақоҳ)-ро кормандони Агентӣ бо иттиҳоми даст доштан дар фурӯши ғайриқонунии замин дастгир кардаанд. Кормандони Агентии мубориза бо коррупсия Баҳром Файзуллоев, роҳбари ОБНОН – шуъбачаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисорро бо гумони гирифтани 1400 доллар пора барои «ҳаллуфасл”-и як парвандаи марбут ба маводи мухаддир дастгир кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *