“Тайсон” беодобӣ карду аз кор ронда шуд

Раҳматулло Бобоев, машҳур бо лақаби «Тайсон” аз кор дар БДА барканор карда шуд. Маҳз чопи мақолаҳо дар бораи одоби муоширатро риоя накардани ин корманди БДА боис шуд, ки мақомоти дохилаи шаҳр дар мавриди ӯ чунин тасмим бигиранд: «Масъалаи риояи одоби муошират масъалаи хеле ҷиддӣ аст, зеро беодобии як корманди обрӯи тамоми милисаро мерезонад.Моҷарои бадрафтории Раҳматулло Бобоев ба Интернет роҳ ёфт ва ин сабаб шуд, ки фикри обрӯи милисаро кунем ва ин кормандро барои беодобиаш аз кор ҷавоб диҳем.” Қазияи «Тайсон”-ро ду ҳафта пеш журналисти телевизион Баргигул Сафарова расонаӣ кард. Баргигул Сафарова дар шабакаи Фейсбук навишт, ки «Тайсон” рӯзи 20 январ дар назди бозори «Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа рақамҳои мошини ӯро канда гирифт, вале вақте аз ӯ хостаанд, ки худро муаррифӣ кунад ва ин тасмимашро шарҳ бидиҳад, Бобоев «бо нигоҳи назарногиронаву муносибати дағалона ҳатто гап задан нахост.”Минбаъд байни “Тайсон” ва хабарнигор муноқиша ба амал омад,ки  тафсилоти онро Сафарова дар шабакаи иҷтимоӣ нашр намуд. Бояд гуфт,ки Вазири  корҳои дохилӣ нисбати рафтори  кормандони дуруштмуомила ва бефарҳанг ҳамеша вокуниш нишон медиҳад ва қаблан низ ӯ чанд нафар кормандонашро бо ҷурми дуруштмуомилагӣ ва талаби ришва аз кор ронда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *