Ду сол қабл: Президент мардумро шунид, Интернет гарон нашуд

Ду сол қабл дар ҳамин шабурӯз мавзӯи рақами як миёни ҷомеаи мо ин боло рафтани нархи Интернет буд ва ҳамин рӯзи соли 2019 Президенти кишвар бо як дастур нархномаи Интернетро ба шакли пешина баргардонд, яъне аз гароншавии хизматрасониҳои интернетӣ пешгирӣ намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки он замон наздики як моҳ мардуми тоҷик барои баланд набардоштани қиммати Интернет иқдомҳои гуногун, аз ҷумла маъракаи имзоҷамъкунӣ ташкил карда буданд. Дар саргаҳи он иқдом фаъолони ҷомеа — Шаҳло Иброҳимова ва Дилноза Муҳиддинова буданд, ки пасон сару садо дар мавриди ҳадафи ҳамлаҳои лафзӣ қарор гирифтанашон пайдо шуданд. 

Пас аз дастури Президент Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қарори ҷанҷолбарангези худро дар бораи афзоиши нархи Интернет ва гуфугӯҳои мобилӣ бекор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *