Зан: Мошинамро гирифту пуламро надод
Тавре ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми феврали соли 2021, Раҳимҷони Раҳмон ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Крайслер”, соли бароришаш 2008-ро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар кутоҳтарин муҳлат маблағро бармегардонад. Аммо то ҳол маблағи автомашинаи мазкурро пардохт накардааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ