ДУ СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ЯК “ШӮХӢ”

Додгоҳи Самара шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Хурсанд Амунбековро бо ҷурми ахбори бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Ба қавли Вусал Алиев, ёвари додситони ин ноҳия ҷавони тоҷик гуноҳашро эътироф ва аз кардааш изҳори пушаймонӣ намудааст.

Хурсанд Каримбекович Амунбеков, санаи таваллудаш 8 ноябри соли 1992 дар яке аз омӯзишгоҳҳои низомии Русия таҳсил мекард ва моҳи декабри соли 2015 бар асоси моддаи 207-уми Кодекси ҷиноятии Русия (ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ) дастгир карда шуд. Вай рӯзи 26 декабри соли 2015, соати тақрибан 13 аз телефони мобилиаш ба шумораи 112 (рақами идораи ҳолатҳои фавқулодда) занг зада, аз номи созмони тундрави «Давлати исломӣ” ҳамаро ба Соли нав табрик мекунад ва мегӯяд, ки дар фурӯшгоҳи «Космопорт”, воқеъ дар кӯчаи Дибенкои шаҳри Самара бомба гузоштаанд ва он баъди ним соат метаркад. Дар пайи ин занги телефонӣ қариб 3 000 нафарро аз фурӯшгоҳи «Космопорт” кӯчонданд ва фурӯшгоҳ 6 соат аз кор монд. Тайи ин муддат мақомоти амниятӣ ва пулис ба кофтукоби «бомба” сар карданд. Маълум шуд, ки таҳдиди ҳамлаи террористӣ аз номи «Давлати исломӣ” дурӯғ будааст. Таҳқиқи шумораи телефоне, ки аз он ба рақами 112 занг зада буданд, маълум кард, ки аз ин телефон шаҳрванди Тоҷикистон Хурсанд Амунбеков занг задааст. Ӯро худи ҳамон рӯз дастгир карданд.

Вусал Алиев, ёвари додситони ноҳияи Советский мегӯяд, дар ин парванда 54 нафар, аксар моликони дӯконҳо дар фурӯшгоҳи «Космопорт” ҷабрдида эътироф шудаанд, чунки хабари дурӯғи Амунбеков ба тиҷорати онҳо зарар овардааст: «Маблағи умумии зарар 1 миллиону 130 ҳазор рубл (қариб 20 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад, ки ин зарари бузург аст.”

Мақомоти додситонӣ харҷи эъзоми нирӯҳои вижа ба фурӯшгоҳи «Космопорт” ва кофтукоби бомбаи набударо низ мехоҳанд аз Хурсанд Амунбеков бирӯёнанд. Тафтишот мегӯяд, Хурсанд Амунбеков як духтарро, ки дар «Космопорт” кор мекард, дӯст медошт. Ин духтар муҳаббати ҷавони тоҷикро рад кардааст ва ӯ барои қасос гирифтан аз дӯстдухтараш ба шумораи 112 занг зада, дар бораи гузоштани бомба дар ин фурӯшгоҳ хабар додааст.

Амунбеков рӯзи аввали мурофиаи парвандааш дар додгоҳ гуфтааст, гумон надошт, ки як шӯхӣ чунин балои азимро ба сараш меорад: «Фикр накардам, аҳмақӣ кардам. Ман ба «Давлати исломӣ” ягон хел робита надорам. Чӣ робитае ҳам дошта метавонам?”

Хурсанд Амунбеков, ки аллакай як солу як моҳ боз дар боздошт пушти панҷара қарор дорад, нахустин шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки дар Русия бо иттиҳоми ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаҳои террористӣ боздошт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *