“ТВ –Сафина» машҳуртар ё радиои Азия Плюс?

Ин ҳафта дар даври дуюми озмуни “Ягона аз даҳгона”, ки онро сомонаи  “Тajikistantimes.tj” дар байни ровиёни машҳур мегузаронад, ду чеҳраи намоён-Орзу Исоев ва Беҳрӯз Насриддинов бо ҳам рақобати шадид доштанд.

Тамошобинони ТВ-Сафина бар он назаранд, ки ғолибият дар ин озмун бояд насиби Орзу Исоев гардад, зеро Орзу дар байни ин даҳона арзандатарин аст, вале шунавандагони радиои “Азия-плюс” дар ин масъала назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд,  ҷоиза бояд насиби Беҳрӯз Насриддинов гардад. Беҳрӯз Насриддинов 675 ва Орзу Исоев айни ҳол 720 овоз дорад ва касе намедонад, кадоме аз онҳо ғолиб меоянд. Тамошобинони “Сафина” гапи худро мегузаронанд ё шунавандагони “Азия-плюс”, инро танҳо шумораи лайкҳое муайян хоҳад кард, ки муштариёни ин ду шабака ба ровиёни писандидаи худ мегузоранд. Тавре ки мегӯянд: Майдон аз далер аст! Мо тақдири Орзу Исоев ва Беҳрӯз Насриддиновро ба бинандаю шунавандагонашон ҳавола намуда, меоем сари ровии дигари шинохта Субҳони Ҷалил. Ҳафтаи гузашта шунавандагони радиои “Ватан”, ки Субҳон гули сари сабади ин  шабака аст, хеле фаъол буданд, аммо аз афташ якбора хунук шудани ҳаво ба онҳо сахт таъсир кард, ки боз ба хоби зимистона фурӯ рафта, ба ҷонибдории Субҳони Ҷалил овоз доданро фаромӯш намуданд. Шумораи овозҳои ин ровии боистеъдод тӯли ҳафта тағйир наёфтааст, аммо мо умед дорем, ки ин ҳафта вазъият тағйир меёбад. Мухлисони барномаи “Имшаб” вақти эфир ба Мубориз Усмонов занг зада, бо даҳони пур меҳру ихлосашонро ба ин ровии ширинзабон изҳор менамоянд, вале маълум мешавад, ки муҳаббаташон сарсарӣ ва бепоя будааст,  зеро шумораи афроде, ки ба ҷонибдории Мубориз Усмонов дар озмуни “Ягона аз даҳогона” лайк медиҳанд, хеле кам аст. Магар  барои шахсе, ки ҳар рӯз заҳмат кашида, ба хотири хуш сохтани табъи шумо барномаҳои ҷолиб тайёр мекунад, рӯзе ақаллан як лайк гузоштан душвор аст? Барои ин касе аз шумо маблағ талаб намекунад. Лайк гузоштан ройгон аст. Шуморо танҳо лозим меояд, ки аз телефони худ ба сомонаи “Тajikistantimes.tj” ворид шуда ба ровии писандидаатон лайк гузоред.

Р. Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *