Ду судяро Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор кард

Президенти Тоҷикистон бо имзои як фармон ду судяро аз вазифа барканор кард
Дар Тоҷикистон ду судя аз вазифа озод шуданд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон омадааст, ки додрасҳо бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Ҳамин тавр, бо фармони президент, Абдураҳмонзода Умеда аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод шуд.
Ҳамчунин, Нозимзода Шодиҷон Латиф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон сабукдӯш гардид.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералӣ дастури қатъӣ дод.
Президент дастур дод, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.

Мавриди зикр аст, ки қаблан пас аз чунин дастур аз ҷониби президент ба Хадамоти гумрук, ин ниҳод фавран аттестатсияи пурраи кормандонро гузаронида, пас аз он даҳҳо кормандашро барканор кард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *