Чеҳраҳои маъруфи афғон, ки тарки кишварашон карданд

Бинобар бад шудани авзои Афғонистон ашхоси машҳур, аз ҷумла ситораҳои эстарда, ин кишварро тарк карданд. Дар ин аксҳои ҷамъовардаи Sputnik Тоҷикистон шумо чеҳраҳои шинохтаеро мебинед, ки Афғонистонро тарк карданд.

Яке аз ситораҳои машҳури афғонистонӣ Ориёна Саид, пас аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи ҷангҷӯи Толибон бо ашки чашму дили решу оҳи пурдар Ватани азизи худро пушти сар гузошт.

Вазири корҳои хориҷии Мексика Марсело Эбрард бо як эҳтироми хоса ва меҳмоннавозии шоён аъзои дастаи робототехникаи Афғонистонроки бо ҳазорон дарду ранҷ кишвари худро тарк намуданд, пас аз вуруд ба Мексика барои гирифтани мақоми башардӯстона дар фурудгоҳи байналмилалии Бенито Хуареси Мехико истиқбол гирифт. Мексика 24 августи 2021.

Капитани дастаи баскетболи занонаи миллии Афғонистон Нилуфар Баят бо нӯшидани қаҳвае хотири ошуфтаашро дар Испания болида медорад.


Дар чанд соли пеш духтарони афғон чунин як имкониятҳои назаррасеро соҳиб буданд. Аммо баъди сари қудрат омадани Толибон кӣ медонад рӯгори ин бонувон чигуна хоҳад буд? Дар ин акс, ки 9 апрели соли 2018 гирифта шудааст, капитани собиқи футболи занонаи Афғонистон Халида Попал (C) дар ҷануби Лондон тамрин мекунад.


Шаҳри як чашма, ки рафтӣ як чашма бош. Ва чун бонувони афғонӣ вориди Мексико шуданд, пайвастанд ба маданияту маърифати мардуми таҳҷоӣ. Дар акс шими як зани афғон, узви дастаи роботсозони Афғонистон, ҳангоми нишасти матбуотӣ пас аз омадан ба Мексика, 24 августи соли 2021. Ҳукумати Мексика рӯзи сешанбе панҷ зани афғонро, ки аъзои гурӯҳи роботсозон мебошанд, қабул карданд.

Ориёна Саид аз чеҳраҳои маъруфи телевизион дар Афғонистон аст. Ӯ муҷрии барнома ва ҳакамони бахши авғонии шоу-барномаи «Голос» буд. Овозхон дар консерту ҷашнвораҳои дохиливу хориҷӣ фаъолона иштирок мекард. Шумораи ҳамвандони Ориёна дар Инстаграм беш аз миллион нафар мебошад.


Ҳавопаймои С-17 дар фурудгоҳи байналмилалии Кобули Афғонистон.Тарсу ҳаросу воҳима ин мардуми осударо ба ин майдони ҳавоӣ кашонида, то ҷони худро аз дасти Толибон ба саломат баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *