Ду тағйироти кадрӣ
Фаррух Шарифзода сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шудааст. Дар ин бора рӯзи 3 январ фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Шарифзода то моҳи июни соли гузашта намояндаи расмии кишвар дар Туркия буд ва дар ин мақом панҷуним сол фаъолият дошт. Сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров тобистони гузашта ба сабаби ба нафақа баромадан аз мақомаш озод гардида буд. Рӯзи 3 январ бо фармони дигари Президенти Тоҷикистон, Анварҷон Иброҳимзода аз мақоми раиси Суди вилояти Суғд барканор шудааст. Сабаби барканории Иброҳимзода маълум нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ