Азимҷон Насимов ба ҷойи Исмоил Талбаков интихоб шуд

Азимҷон Насимов – доктори илми иқтисод – раиси муваққати Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шудааст.  Насимов  гуфтааст, ки анҷумани Ҳизби коммунист тобистони имсол баргузор мешавад ва ӯ то он замон садорати ҳизбро бар ӯҳда хоҳад дошт. Азимҷон Насимов то ин дам котиби идеологии коммунистҳо буд.

Раҳбари собиқи Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков дар моҳи декабри соли 2016 даргузашт. Талбаков ҳамагӣ моҳи июли имсол дар Анҷумани 32-юми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуда буд. Вакилони анҷуман барои раҳбарии Ҳизби коммунист номзадии Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаковро пешниҳод карда, дар як овоздиҳии боз ба тарафдории Шабдолов 22 ва ба ҷонибдории Талбаков 35 раъй доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *