Ду ташаббуси ректори ДМТ дар соли 2025
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода боз ду иқдоми дигарро бо мақсади дастгирии олимон роҳандозӣ кард.
Якум, омӯзгорону кормандони асосии донишгоҳ, ки дар соли 2025 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, мувофиқан 20 000 то 30 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Дуюм, барои ҳимоя намудани омӯзгорону кормандони донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, аз қабили зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммавӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия, пиряхшиносӣ ва инноватсия мувофиқан 25 000 то 35 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ин иқдоми раёсати донишгоҳ саривақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва қадршиносии маҳсули заҳмати илмии муҳаққиқон ва ба ин васила зиёд намудани сафи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ