Ду тири Зардушт ба ҳадаф нарасид
Чанд моҳ пеш журналисти тоҷик Абдуқодири Абдуқаҳҳор худро зардуштӣ эълон кард, вале натавонист номашро ба Ориёмеҳри Зардушт иваз карда, то ба имрӯз ҷамъияти зардуштиёнро таъсис бидиҳад…
Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим муроҷиати фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Абдуқодир Талбаковро барои сабти ҷамъияти Зардуштия дар Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки Абдуқодир Талбаков на тариқи хаттӣ, балки шифоҳӣ муроҷиат кардааст.
— Бале, Абдуқодир Талбаков барои сабти чунин як иттиҳодияи динӣ ба Кумита муроҷиат кардааст, аммо на тариқи хаттӣ, балки шифоҳӣ. Ба ӯ аз ҷониби ҳуқуқшиноси кумита ҳама шартҳои ба қайд гирифтан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ фаҳмонида шуд, аммо Талбаков дигар муроҷиат накардааст.
Худи Абдуқодир Талбаков дар суҳбат ба pressa.tj ин хабарро тасдиқ карда, гуфт:
— Ман ҳама ҳуҷҷатҳоро гирд овардам, ба истиснои як маълумотнома аз муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, дар боби эътирофи мавҷуд будани зардуштиҳо дар Душанбе. Дархост навиштаам, се моҳ боз интизор. Агар ҳамин маълумотномаро диҳанд, кор буд мешавад.
Тибқи муқаррарот барои ба қайди расмӣ гирифтани иттиҳодияи динӣ, ба монанди Зардуштия, дар Тоҷикистон 10 аъзо доштан зарур аст.
Дигар масъалаи марбут ба Абдуқодир Талбаков иваз кардани ному насабаш аст. Ӯ рӯзи 29-уми июли соли 2023 бо нашри як видео дар “Фейсбук” хабар дод, ки талошҳои чандинмоҳааш барои ба Ориёмеҳр Зардушт иваз кардани ному насабаш бенатиҷа анҷом ёфтанд ва ҳатто вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён ин дархости ӯро рад кардааст.
Абдуқодир Талбаков дар аввалҳои соли 2023 аз гароиданаш ба дини зардуштӣ ва азмаш барои таъсиси ҷамъияти пайравони дини зардуштӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ҳамчунин, эълон кард, ки азм дорад ному насабашро ба Ориёмеҳр Зардушт иваз мекунад. Вале дар Вазорати адлия ба Абдуқодир Талбаков аз лиҳози қонунӣ ғайримумкин будани чунин шеваи тағйири ному насабро фаҳмонида, пешниҳод кардаанд, ки аз Ориёмеҳр Зардушт ба ҳайси тахаллуси эҷодӣ истифода кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ