Ду варзишгари навраси тоҷик аз Қазоқистон бо медали тилло баргаштанд
Шаби 29-уми август варзишгарони навраси тоҷик Сомон Турсунзода ва Холмаҳмад Пиров, ки дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон (27-28-уми август) сазовори ҷойҳои якум ва медали тилло шуданд, ба ватан баргаштанд.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук», варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ҳисор пешвоз гирифтанд.
Бояд гуфт, ки варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро мағлуб карда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид.
Паҳлавони навраси тоҷик Холмаҳмад Пиров низ дар мусобиқаи мазкур дар вазни то 50 кг тавонист бар ҳарифонаш аз давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғолиб омада, сазовори медали тилло гардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ