Вазири тандурустӣ вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифт

Роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вояи чоруми ваксина бар зидди бемории коронавирус COVID-19 фаро гирифта шуданд.

— 29-уми августи соли равон роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазир, муовинони вазир,​ сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19-ро гирифтанд,- хабар дод бахши матбуоти вазорат.

Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *