Ду зебосанами тоҷик ҷаҳонро тасхир карданд

Сомонаи Open Asia дар нӯҳгонаи зеботарин духтарони Осиёи Марказӣ ду модели тоҷик – Ёсуман Холова ва Парвина Саидоваро низ шомил кардааст. Open Asia менависад, ин 9 зебосанам тавонистаанд дунёро бо ҳусни нотакрори худ тасхир кунанд.

ТОҶИКИСТОН

Модели 18-сола аз Тоҷикистон Ёсуман Холова имсол дар ду озмуни баййналмилалии зебоӣ баранда шуд. Ёсуман моҳи март дар Чин дар байни моделҳои довталаб аз 60 кишвари ҷаҳон унвони дувумин маликаи зебоии дунё дар озмуни «Miss Global Tourism 2017”-ро ба даст овард. Моҳи май ин модели тоҷик Тоҷикистонро дар озмуни байналмилалии «Miss SuperTalent of the World” дар Кореяи ҷанубӣ намояндагӣ кард ва ду унвони «Супермодел” ва «Маликаи тасхиркунандаи дунё”-ро соҳиб шуда, дар байни довталабон аз 165 кишвар ҷои шашумро гирифт.

Модели 27-солаи тоҷик Парвина Саидова, ки 5 фарзанд (!!!) дорад,соли гузашта дар даври ниҳоии ҷашнвораи муду зебоии «WORLD BEAUTY ASTANA 2016»унвони «Missis International-2016»-роба даст овард. Парвинаро барои ҳусни нотакрор ва ҳунари истоданаш дар саҳна тарроҳи машҳури либос Пер Карден ба Порис даъват кард.

Зимнан рӯзи 13 сентябр Парвина Саидова нахустин таронааш бо номи «Аладдин»-ро нашр мекунад.

ҚИРҒИЗИСТОН

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш ҳунарпеша ва модели қирғиз Аида Чоткарева Қирғизистонро дар озмуни байналмилалии занони оиладор «Хонуми сайёра -2017” муаррифӣ кард. Аида дар ин озмун дар шаҳри Дурбани Африқои ҷанубӣ аз байни 70 довталаб сазовори унвони «Беҳтари хонуми зеби аккосӣ”-ро ба даст овард.

Модел ва муҷрии телевизион аз Қирғизистон Ойҷамол Усмонова соли гузашта дар озмуни «Маликаи ҷаҳон -2016” дар шаҳри Бодруми Туркия тоҷи «Маликаи Осиё”-ро соҳиб шуд. Ойҷамол қаблан дар ҷашнвораи Asia Modal Festival дар Кореяи ҷанубӣ беҳтарин модел аз Осиёи Марказӣ шинохта шуда буд.

Татибубу Самидин қизӣ соли 2015 дар озмуни «Маликаи ҷаҳон” дар Хайнани Чин аз байни 117 довталаб ба рӯйхати 15 нафари аз ҳама зебо роҳ ёфт. Татибубу ҳоло раҳбари барномаи «Маликаи Қирғизистон” буда, ба таблиғу ташвиқи зебосанамҳои қирғиз дар арсаи байналмилалӣ машғул аст.

ҚАЗОҚИСТОН

Жанна Жумалиева аз Қазоқистон соли 2011 дар озмуни «Маликаи ҷаҳон» сазовори унвони «Топ-модели беҳтарин» шуда, аз байни 122 довталаб ба рӯйхати 15 духтари зеботарини дунё роҳ ёфта буд.

Акнур Ҷумъабоева аз Алма-Ато се сол пеш шоҳҷоизаи озмуни байналмилалии «Подшоҳхонуми сайёра”-ро ба даст овард. Акнур 6 фарзанд ва ду маълумоти оливу тиҷорати худро дорад ва дар вақти холиаш расм мекашад.

УЗБЕКИСТОН

Зара Кинг аз Узбекистон соли 2015 шоҳҷоиза ва унвони Miss European Bikiniдар озмуни «World Bikini Model 2015» дар Малтаро ба худ ихтисос дод. Зара дар Бухоро ба дунё омадаву дар Амрико таҳсил кардааст ва ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад.

Ирина Шарипова – зебосанами дигари узбек низ зодаи Бухоро ва зоҳиран комёбтарин зебосанам аз тамоми Осиёи Марказист. Ӯ соли 2010 унвони «Маликаи Тотористон”-ро ба даст оварда, дар озмуни «Маликаи Русия” ҷои дуюм ва дар озмуни «Маликаи ҷаҳон-2010” яке аз ҷойҳои баландро гирифт. Ирина баъди ин комёбиҳо қарордодҳои ҳамкорӣ бо беҳтарин ширкатҳои тарроҳии дун, ба мисли Giorgio Armani, John Galliano, Dolce & Gabbana -ро ба даст оварда, яке аз моделҳои пешбари Кохи муди Chanel шуд ва дар соли 2014 дар расми муаррифии бренди машҳури Victoria’s Secret ҳамроҳ бо Адриана Лима, Алессандра Амбросио ва дигар зебосанамҳои рақами яки дунё ширкат варзид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *