«Истиқлол» дар финали Ҷоми КФО-2017!

 Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии байниминтақавии ҷавобиашро дар нимфинали Ҷоми АФК-2017 бо дастаи «Серес»-и Филиппин мусовӣ 1:1 анҷом дод ва ба марҳилаи дигари мусобиқа роҳхат гирифт.

Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, голи ягонаро ба дарвозаи соҳибони майдон, ки нахстин шуда ҳисобро кушод буданд,  легионери руси даста Дмитрий Барков зада, бозиро мусовӣ кард. Дар натиҷаи ҷамъбасти ду бозӣ «Истиқлол» бо ҳисоби умумии 5:1 бар «Серес» ғолиб эътироф гардид.

Дар марҳилаи дигар рақиби «Истиқлол» ғолиби бозӣ байни дастаҳои «25 апрел» (ҶХДК) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон) хоҳад шуд. Ин бозӣ имрӯз дар  Ҳиндустон баргузор мешавад. Ҳиндувон дар меҳмонӣ бозии аввалро бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи худ анҷом дода буданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *