Муминобод

Дугоникҳои 192-сола ва келинҳои 300-сола

Дар ноҳияи Муъминобод аксари деҳаҳо ва маҳалҳо номҳои сирф суғдию тоҷикӣ доранд. Чаргикалону Момандиён, ки ҳар ду аз маркази ноҳия 10 км фосила доранд, аз ҷумлаи ин деҳаҳо ҳастанд. Бошандагони ин деҳаҳо меҳмоннавозанду кушодачеҳра. Яке аз ин нафарон Бибии Кибриёст, ки синнаш ба 100 наздик мешавад…

Дар Момандиёни зебоманзар дар хонаводаи амаки Давлату апаи Басбӣ 10 фарзанд ба дунё омад, ки шаштои онҳо дугоник буданд. Яке аз ҷуфтҳо Хатичаю Кибриё ҳастанд. Ҳарду мактаби деҳаро бо панду андарзҳои муаллимони давр Саттор Раҷабов, Сафар Лоиқов, Бозору Гадо Каримовҳо ба итмом расонида, ба кори колхоз баромаданд.

Дар баробари ин аз модар ҳунарҳои дӯзандагиву пазандагӣ омӯхтанд.

Махсусан, Кибриё панҷ панҷааш ҳунар ба воя расид. Ҳеҷ кас дар он мавзеъҳо таомҳои миллиро чун ӯ пухтаву либосҳои миллиро ба монанди ӯ дӯхта наметавонист. Шеъру чистону тезгӯяк бисёр медонист. Зиёда аз чор ҳазор рубоӣ азёд карда буд.

Раиси колхоз Абдураҳим Салимов (падари санъаткори мумтоз Рустам Абдураҳимов) ва сардори бригадаи пешқадами колхоз амаки Сабз (падари генерали маъруф Шералӣ Сабзов) буданд. Раису бригадир сару бар шуда, Кибриёро барои Сайфулло хостгорӣ карданд ва маъракаи тӯяшонро гузарониданд. Сайфулло Аврангов нахустин механизатори колхози Муъминобод буд. Зиндагии хубу осоиштае доштанд ин оилаи ҷавон. Фарзандҳо яке аз паси дигаре ба дунё омаданду ба воя расиданд.

Мирзо барқчӣ шуду Насруллою Амрулло пешаи касби падар карданд, Саъдулло милитсионер, Садбаргу Гулбарг, Гулинор, Фирӯза, Ороста, Сафармо соҳиби дару хонаи хеш шуданд. Чи тавре дидем, апаи Кибриё ҳам мисли модараш қаҳрамонмодар гашт. Хатичамо ҳам аз хоҳараш қафо намонд ва қаҳрамонмодар шуд. Онҳо имрўз соҳиби 114 набера, абера, ҳаваса, чабераанд. Аз ҳама чабераи хурдии авлод ё ба қавле кунда Ёсинҷон аст.

Рўзе, ки дуои момаи Кибриёи 96-соларо гирифтан рафтем, ҳама фарзандонаш аз дуру наздик бо аксари набераҳо ба дидорбинии ў омада буданд. Ҳавлӣ тӯйхонаро мемонд. Амаки Сайфулло се сол пеш ин дунёро падруд гуфта буд. Ҳунар, кор, амали неки он кас ва Кибриёхоларо имрўз пайвандонаш идома медиҳанд.

Ба мо ҳам момаи дар остонаи асри нав қарордошта хеле хушгўӣ, шеъру рубоихонӣ, чистонгӯӣ кард. Дар иҳотаи авлодон ин зани рўзгордида, равшанзамир, солеҳаю порсо чун моҳ байни ситораҳо менамуд. Келинҳо, ки якҷоя умри 300-сола доранд, дар ташвишу тараддуди меҳмонҳо буданд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *